Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Русия дар бораи Украина дурӯғ мегӯяд


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико Русияро муттаҳам кард, ки дар бораи муноқишаҳои Украина дуруғ мегӯяд. Линдсей Греҳам-сенатори ҷумҳурихоҳ аз Каролинаи Ҷанубӣ аз Ҷон Керрӣ пурсид, вай бовар дорад, ки Русия “дурӯғ” мегӯяд, вақе Русия иддао мекунад, ки дар Украина ниру ва аслиҳа надорад. Керрӣ ҷавоб дод: “бале”.

Ҷон Керрӣ ин суханонро дар ҷаласаи зеркумитаи сармоягузорӣ дар Вашингтон изҳор дошт ва гуфт, “Русия пофишорӣ мекунад, ки ҳузуре надорад, ин дурӯғ аст. Дар бораи фаъолиятҳояш дар Украина дар рӯи ман, дар рӯи дигарон дар бораи чизҳои дигар дурӯғ мегӯяд”.

Маскав қабул надорад, ки аз ҷудоихоҳон дар муноқишаҳои шарқи Украина ҳимоят мекунад. Дар ин муноқишаҳо тақрибан 5 600 нафар кушта шудаанд.

Ҷон Керрӣ 21 феврал гуфт, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо имкони таҳримҳои бештар бар зидди Русияро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG