Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Додгоҳ ҳукми Навалнийро бетағйир гузошт

Алексей Навалний

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 17 феврал ҳукми додгоҳии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний ва баробари ӯ Олегро аз рӯи парвандаи яғмо аз ширкати «Ив Роше» бетағйир гузошт. Аз ҳукми додгоҳи зинаи поёнӣ фақат як банд – ҷарима ба маблағи 500 ҳазор рубл берун карда шуд. Додгоҳ ҳукми шартии озодии Алексей Навалнийро қонунӣ хонд, вале ҳабси хонагии сиёсатмадорро бекор кард.

Додситон талаб дошт, ки ҳукми додгоҳии Алексей Навалний аз рӯи парвандаҳои яғмо дар ширкатҳои "Ив Роше" ва "Кировлес" то даҳ сол ва ҳукми бародари ӯ Олег Навалний то ҳашт сол афзоиш ёбад. Рӯзи 30 декабри соли гузашта як додгоҳи шаҳри Маскав Алексей Навалний ва Олег Навалнийро дар яғмои 30 миллион рубл аз ширкати «Ив Роше» айбдор кард. Алексей Навалний ба севуним соли шартии маҳрумият аз озодӣ ва бародараш Олег ба севу ним соли маҳбас маҳкум шуданд.

Вакилони дифоъи бародарон Навалнийҳо ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ хонда, аз додгоҳи шаҳри Маскав бознигарии онро талаб карда буданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Қарори Кохи Сафед дар бораи хориҷ кардани донишҷӯҳои хориҷӣ бекор шуд

Донишгоҳи Ҳарвард

Мақомоти ИМА қарор карданд, ки талаботи ҳатмӣ нисбати донишҷӯёни хориҷӣ дар заминаи тарки кишвар кардани онҳоро бекор кунанд. Қаблан гуфта мешуд, ки Кохи Сафед мехоҳад муҳассилони хориҷии донишгоҳу коллеҷҳоро дар сурати ба низоми таҳсили фосилавӣ гузаштани онҳо аз кишвар хориҷ кунад. “Садои Амрико” мегӯяд, ки бо сабаби зиёд будани даъвоҳои судии донишгоҳҳову мақомоти иёлоти мухталиф, Кохи Сафед ин нияташро бекор кард. Дар миёни донишгоҳҳои шикояткарда, аз ҷумла, Ҳарвард ва донишгоҳи технологии Массачусетс мебошанд. Маъмурияти донишгоҳҳо гуфтанд, ки амалҳои мақомоти кишвар ғайриқонунӣ буда ба ҷараёни таҳсил таъсири манфӣ мегузоранд. 20 иёлоти Амрико зидди ихроҷи донишҷӯҳои хориҷӣ садо баланд карданд. Даҳҳо ширкати калони мисли Google, Facebook ва Twitter ва коллеҷу донишгоҳҳо ба додгоҳҳо хулосаҳои коршиносонаи худро ирсол карданд, ки аз президент барқарор кардани сиёсати пешин нисбати донишҷӯҳои хориҷиро талаб мекард. Рӯзи сешанбе ҳангоми баррасии аризаи донишгоҳи Ҳарвард додраси додгоҳи ҳавзавии Массачусеств Эллисон Берроуз гуфт, ки маъмурияти ИМА ва ду донишгоҳи бонуфуз, ки Кохи Сафедро ба додгоҳ кашиданд, ба созиш омаданд, ки қоидаҳои қаблан қабулшуда бекор мегардад. Баррасии ин қазия дар додгоҳ ҳамагӣ чор дақиқа идома дошт. Раҳбарияти донишгоҳи Ҳарвард соли нави хонишро пурра ба низоми фосилавӣ мегузаронад. Президент Доналд Трамп, ки тирамоҳи имсол ҳамаи мактабҳоро боз карданӣ аст, нақшаи донишгоҳи Ҳарвардро “нодуруст” хонда буд.

Дар донишгоҳҳои ИМА беш аз як миллион донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад ва бисёр мактабҳои олӣ маҳз аз пулҳои ҳамин донишҷӯҳо вобаста ҳастанд, ки ҳар сол даҳҳо ҳазор долларашонро барои таҳсил харҷ мекунанд.

Бовар меравад, ки дар муассисаҳои таълимии ИМА ҳазорҳо донишҷӯ аз Тоҷикистон ҳам таҳсил мекунанд ва дар давраи пандемияи коронавирус ду ҳавопаймои чартерӣ хоҳишмандони бозгашт аз Амрико ба Тоҷикистонро ба Душанбе интиқол дода буд.

Арзёбии хушунатҳо дар Афғонистон: “Ҳар рӯз 16 кас кушта ваё захмӣ мешавад”

Баъди таркиш дар Самангон. Масъулияти ин ҳодисаро, ки чандин нафарро кушта бар ҷой гузошт, Толибон ба ӯҳда гирифтанд. 13 июли соли 2020

Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳар рӯз дар Афғонистон 16 фарди мулкӣ кушта ваё захмӣ шудаанд. Ба ҳисоби ин созмон, дар шаш моҳи аввали сол дар натиҷаи 880 ҳодисаи амниятии ҷудогона дар маҷмӯъ 1213 мулкӣ кушта ва 1744 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора дар гузориши рӯзи 14 июли комиссиюн навишта шудааст. Дар гузориш омадааст, ки дар қиёс бо соли гузашта талафот дар миёни мардуми мулкӣ 11 дарсад кам шудааст. Бино ба арзёбиҳои ин созмон, 48,5 дарсади ҳодисаҳои марбут ба талафоти мардуми оддиро Толибон анҷом додаанд. Дар 15,5 дарсади ҳолатҳо нирӯҳои ҳукуматӣ, 6,3 дарсад - гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва 2,3 дарсад – нирӯҳои байналмилалӣ сабабгори хисорот будаанд. Ҷудо аз ин ҳисоб шудааст, ки дар 26,7 дарсади ҳолатҳо ҳамлагарони номаълум гунаҳгор будаанд. Рӯзи 14 июл дар таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар шарқи Кобул дастикам чор мулки кушта ва чор нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон, маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз гуфт, ки қурбониҳо аз минтақаи Суробӣ убур мекарданд, ки дар роҳ ба бомба бархӯрданд.

Трамп қонунҳои муҷозоткунандаи Чинро дар робита бо Ҳонгконг имзо кард

14 июл, Вашингтон. Президенти ИМА Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп қонун ва як амреро имзо кард, ки бар асоси он Чин барои мудохилаи “ситамгарона” ба мухторияти Ҳонгконг таҳрим мешавад. Дар як нишасти хабарии рӯзи 14 июл Трамп гуфт, ки бар асоси амри имзокардааш шароити имтиёзноки тиҷорат, ки бо Ҳонгконг роҳандозӣ шуда буд, аз байн меравад. Трамп гуфт:

«Имрӯз ман инчунин фармоне имзо кардам, ки муносибати имтиёзноки ИМА нисбат ба Ҳонгконг хотима меёбад. Ҳонгконг акнун ҳамчун як бахше аз Чин арзёбӣ хоҳад шуд. На имтиёзи хос, на муомилаи вижаи иқтисодӣ ва на содироти фанновариҳои ҳассос сурат нахоҳад гирифт. Илова ба ин, тавре хабар доред, мо нисбати Чин тарруфаҳои азим ҷорӣ мекунем. Ин чиз бо Чин аввалин бор сурат мегирад".

Трамп инчунин гуфт, ки қонун дар бораи мухторияти Ҳонгконгро имзо кард, ки пештар аз ҷониби Конгресс қабул шуда буд. Ин санад ходимони полиси Ҳонгконг ва мақомоти чиниро ҳадаф қарор медиҳад, ки қонуни нави амнияти миллии Пекинро дар ин минтақаи молии махсус татбиқ мекунанд. Инчунин қонуни ИМА дар сурати баҳам задани мухторияти Ҳонгконг таҳрими бонкҳоро иҷоза медиҳад.

Бо вуҷуди даъват ва ҳушдорҳои ИМА, Пекин қонуни амнияти миллиро имзо кард, ки барои қонуншиканиҳое дар Ҳонгконг муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Ин қонун принсипи “як кишвар ва ду низом”-ро ба ҳам мезанад, ки соли 1997 ҳангоми аз Бритониё ба Чин гузаштани Ҳонгконг мувофиқа шуда буд. Иқдомҳои ахири ИМА ба равобити бе ин ҳам пуршиддати ИМА ва Чин афзудааст.

Маҳрум шудани рақиби Лукашенко аз ҳақи ширкат дар интихобот боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд

Минск, 14 июл. Намоиши эътирозии мухолифон

Дар Беларус баъди он ки рақиби калидии президент Александр Лукашенкоро барои ширкат дар интихобот роҳ надоданд, эътирозҳо барпо шуд. Комиссиюни марказии интихоботи Беларус рӯзи 14 июл гуфт, барои ширкат дар интихоботи рӯзи 9 август панҷ номзад сабтином шудаанд ва дар миёни онҳо Лукашенкои 65-сола ҳам ҳаст, ки аз соли 1994 дар сари қудрат боқӣ мемонад. Рақиби калидии Лукашенко - бонкдори собиқ Виктор Бабарика дар боздошт мемонад ва комиссиюни интихоботӣ ӯро барои ширкат дар интихобот роҳ надод. Худи ӯву тарафдоронаш боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Лидия Ярмошина, раиси комиссиюни интихоботии Беларус гуфт, ки сабаби ба қайд нагирифтани Бабарика ин аст, ки гӯё дар гузориш оид ба даромад ва дороиҳои ӯ номутобиқат ҷой дошт. Ӯ қарори худро шарҳ надод. Аз ширкат дар интихобот инчунин Валерий Тсепкало, соҳибкори маъруф ва собиқ сафири Беларус дар ИМА маҳрум шуд. Ярмошина гуфт, Тсепкало ба он хотир аз ширкат дар интихобот маҳрум шуд, ки бисёр ҷонибдорони ӯ аз имзоҳои худ даст кашиданд.

Ҳазорҳо эътирозгар дар манотиқи мухталифи шаҳри Минск намоишҳои эътирозии сулҳомез барпо карданд. Инчунин дар шаҳрҳои минтақавии Бресту Гомел ҳам мардум ба эътироз бархостанд. Маркази ҳуқуқи башари “Весна” гуфт, ки беш аз 280 нафар дар саросари кишвар боздошт шудааст.

Нишонаҳои умедворӣ аз воксинаи нави COVID-19

Ҳоло дар саросари ҷаҳон бист озмоиши воксинаҳои эҳтимолии COVID-19 ҷараён дорад

Дар ИМА мавридҳои олудагӣ ба вирус ва марг бар асари COVID-19 ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст. Дар таҳаввулоти ҷудогона як ширкати амрикоӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки охирин даври муолиҷаи озмоишии инсонҳо аз COVID-19-ро ба роҳ мондааст. То ҳол озмоиши воксинаи эҳтимолии зидди бемории ҳамагир натиҷаҳои мусбат додааст. Дар ИМА ҳоло вазъ дар Ҷануб ва Ғарб пуршиддат боқӣ мемонад, чун ҳамарӯза олудагиҳои нав то 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. То ҳол дар Амрико аз ин беморӣ 136 ҳазор нафар даргузаштааст.

Ширкати биотехникии Moderna гуфт, ки воксинаи санҷишии зидди COVID-19 амн буда, дар давраи аввали санҷишҳо дар 45 ихтиёрии солим вокуниши хуби масунияти бадан мушоҳида шудааст. Озмоиши воксинаи эҳтимолии ширкати Moderna-ро ҳукумати ИМА пуштибонӣ мекунад. Дар давраи сеюми озмоиши ин дорувор, ки охири моҳи июл шурӯъ мешавад, 30 ҳазор ихтиёрӣ иштирок хоҳанд кард. Айни замон, дар саросари ҷаҳон тахминан бист озмоиши воксинаи эҳтимолии зидди COVID-19 дар марҳилаҳои гуногун идома дорад.

Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ИМА “хушбинии мӯҳтотонае” баён кард, ки то охири сол ваё дар оғози соли 2021 ниҳоят ҳадди аққал як воксинаи зидди COVID-19 ихтироъ хоҳад шуд.

Вале ҳоло мақомоти беҳдошти ИМА аз сокинони маҳаллӣ тақозо мекунанд, ки дар кӯчаву маконҳои ҷамъиятӣ ҳатман бо ниқоби тиббӣ бигарданд.

Интихоботи муҳим ба хотири ояндаи аврупоии Македонияи Шимолӣ

Интихобот дар Македонияи Шимолӣ

Дар Македонияи Шимолӣ рӯзи 15 июл интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки сарнавишти ояндаи ин кишвари минтақаи Балкан ба самти Аврупо ва НАТО-ро мушаххас хоҳад кард. Ин нахустин интихоботи парлумонии кишваре бо номи нави Македонияи Шимолӣ мебошад, ки дар он Иттиҳоди сотсиал-демократии Македония (SDSM) ва ҳизби демократии Македония барои ваҳдати миллӣ (VMRO-DPMNE) вориди рақобати шадид шудаанд. Қарор буд интихоботи парлумонии Македонияи Шимолӣ моҳи апрел баргузор шавад, вале бо сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир уфтод. Бо паҳншавии беморӣ, қарор шуд овоздиҳӣ 15 июл баргузор шавад ва ба хотири пешгирӣ аз олудашавии мардум, соатҳои овоздиҳӣ ду соати иловагӣ - то 9 шом тамдид гардид. Баъди истеъфои ҳукумати нахуствазир Зоран Заев дар моҳи январ, ки натавонист музокирот барои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро оғоз бахшад, мудирияти кишварро ҳукумати муваққатӣ идома медиҳад. Баъди чанд моҳи таъхир бо сабаби мухолифати Фаронса, моҳи марти имсол ниҳоят ИА ба Македонияи Шимолӣ иҷоза дод, ки музокироти расмӣ барои узвият дар ин созмон шурӯъ шавад.

Заев, раҳбари SDSM, бо Юнон ба мувофиқа расида буд, ки исми кишварро дигар кунад ва бо ин роҳи Скопйе ба узвияти НАТО боз шавад. Македония исми таърихии минтақае дар Юнони имрӯза аст ва ихтилоф аз он ҷо сар зад, ки рӯзе эҳтимоли даъвои ҳудудӣ кардани ин кишвар вуҷуд дорад. Македонияи Шимолӣ яке аз кишварҳои нодортарин дар қораи Аврупо аст. Ҳриштиан Митсковски, раҳбари VMRO дар маъракаи интихоботӣ Заевро дар масоили миллӣ бисёр ҳамла кард. Пешбинии натиҷаҳои овоздиҳӣ ин аст, ки аз миёни ду ҳизби калони сиёсӣ ҳеҷ яке бештар аз 25 % нахоҳад гирифт ва барои ишғоли ҳадди аққал 61 курсӣ аз 120 курсии кулли парлумон қодир нахоҳад буд.

Дар Хатлон 20 корманди бахши маориф аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд

Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи Хатлон.

Мақомот дар Хатлон мегӯянд, ки дар чанд моҳи ахир 20 корманди соҳаи маориф фавтидаанд, ки аксари онҳо омӯзгорон мебошанд. Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи Хатлон рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин кормандони бахши маориф аз бемории "илтиҳоби шуш" даргузаштаанд.

Ба гуфтаи оқои Исозода, ин омор дар ихтиёри ин ниҳод аз сӯи шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гузошта шуд ва бемории афроди фавтидаро илтиҳоби шуш ва коронавирус гуфтанд.

Ин масъули Раёсати маорифи Хатлон айни замон гуфт, ки ба хонаводаҳои ин афрод аз тарафи иттифоқи касабаи маориф кӯмаки молӣ ва ғизоӣ расонида шуд. Вале ӯ дар бораи ҳаҷми маблағи кӯмакшуда ба ин афрод маълумоте надод.

Аз ин қабл мақомот дар Хатлон гуфта буданд, ки дар ин вилоят бар асари бемории фарогири ахир беш аз 20 корманди арсаи беҳдошт ҷон бохтаанд.

Узбекистон шаҳрвандонашро аз Русия бо қатора бармегардонад

Кумитаи сарҳадбонии Хадамоти амнияти Узбекистон 13 июл хабар дод, ки шаҳрвандони кишварро аз вилоятҳои Самара ва Оренбурги Русия бармегардонад. Аммо бо гузашти чанд лаҳза ин хабар аз сомонаҳое ғайб зад, ки онро нашр карда буданд.

Кумитаи сарҳадбонии Узбекистон хабар дода буд, ки бо ҷониби Қазоқистон равуои доимиро гуфтугӯ кардааст ва ҳамакнун посухи Русияро интизор аст, ки шаҳрвандони Узбекистонро баргардонад. Дар хабар омада буд, рӯзҳои 13 ва 14 қатораҳои Узбекистон бояд барои баргардонии шаҳрвандон ба Русия мерафтанд.

Ахиран расонаҳои Русия ҳам аз қавли консулгарии Узбекистон дар Қазони Русия хабар доданд, ки дар фурсатҳои наздик қатораҳои Узбекистон барои бурдани шаҳрвандони ин кишвар ба Русия меоянд.

Бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Узбекистон дар вилоятҳои Самараву Оренбурги Русия ҷамъ шудаанд ва қасди ба Узбекистон расиданро доранд.

Узбекистон охири моҳи май аз вилояти Самара 1200 шаҳрвандашро ба кишвар оварда буд. Ба далели паҳншавии коронавирус кишварҳо марзҳояшонро бастанд ва шаҳрвандон натавонистанд, бидуни монеа ба кишварҳояшон баргарданд.

Ба Узбекистон барои мубориза бо коронавирус $200 млн медиҳанд

Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон тасмим дорад, аз ду бонки осиёӣ 200 миллион доллар қарз дарёфт кунад.

Бонки осиёии рушд 100 млн доллар ва 100 миллион доллари дигар Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор барои мубориза бо COVID-19 ба Узбекистон хоҳанд дод.

Дар ин бора дар ҷаласаи маҷозии вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон бо президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакаев рӯзи 13 июл хабар дода шуд.

Асакаев хабар дод, ки айни замон тасдиқи додани қарз дар ҳаҷми 100 миллион доллар ниҳоӣ мешавад. Бо ин маблағ низоми ҳифзи сиҳатӣ ва беҳдоштии Узбекистон навсозӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, оғози моҳи август ин қарз ба Узбекистон дода мешавад.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки тарҳи ҷалби 100 миллион доллари дигар аз Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор таҳия шудааст.

Қирғизистон аз Узбекистон 30 ҳазор баста "Гепарин" мехарад

Акс аз бойгонӣ.

Сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов 14 июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки қарор аст, рӯзҳои наздик аз Узбекистон 30 ҳазор бастаи "Гепарин" ворид созанд.

"Мо бо раиси ҳукумати Узбекистон Абдулло Орипов суҳбат кардем. Дар он кишвар "Гепарин" истеҳсол мекунанд. Дар давоми ҳафта мо 30 ҳазор бастаи онро харидорӣ хоҳем кард", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин гуфтугӯҳо бо Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ идома доранд. Қарор аст, аз Эрон 4 ё 5 навъи доруе ба Қирғизистон интиқол дода шавад, ки феълан дар дорухонаҳои он кишвар ёфт намешаванд.

Дар Қирғизистон бо афзоиши шумори мубталоёни коронавирус мушкили норасоии дору ва табибон пеш омадааст. Нархи доруҳои арзон якбора боло рафтааст.

Сабти 48 ҳолати нави гирифторӣ ба СOVID-19 дар Тоҷикистон

Яке аз озмоишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд.

Шумораи умумии фавтидагон ба асари COVID-19 дар Тоҷикистон ба 56 нафар расид. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистони шомгоҳи 14 июл иттилоъ дод, ки шабонарузи гузашта дар кишвар 48 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, як нафар фавтидааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки аз 30 апрел то кунун 6643 нафар дар кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 5332 ё 80% мубталоён шифо ёфтанд. Ба иттилои ин вазорат, шабонарӯзи гузашта 178 нафар гумонбарон зери муроқибати пизишкон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа рухсат дода шуданд.

Аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, бинобар набудани ташхиси дурусту муносиби коронавируси нав, мумкин аст, теъдоди воқеии гирифтор ва талафот аз беморон ба маротиб зиёдтар бошад.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.

Матолиби бештарро дар бораи бӯҳрони коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед

Пажӯҳиши БҶ: "41% хонаводаҳо дар Тоҷикистон моҳи май масрафи ғизоро кам карданд"

Беш аз 41 дарсади хонаводаҳо дар як тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки масрафи ғизоро дар моҳи майи 2020 кам кардаанд.

Дар нашри нави тадқиқоти "Садои Тоҷикистон", ки онро дафтари Бонки ҷаҳонӣ барои санҷиши вазъи некуаҳволии хонаводаҳо мунтазам доир мекунад, гуфта мешавад, 41 дарсади пурсидашудаҳо аз кам кардани истеъмоли хӯрокворӣ дар моҳи майи 2020 хабар доданд. Ин ҳолат дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар будааст.

Муаллифони ин тадқиқот навиштаанд, амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон аз рӯи чанд нишондод бадтар шудааст. Бештари пурсидашудагон гуфтаанд, гуруснагӣ мекашанд, хӯрдани хӯрокро кам кардаанд ва аз он дар ташвишанд, ки ғизои кофӣ барои худ харидорӣ карда метавонанд ва ё не.

Дигар нишондодҳои некуаҳволӣ низ ба навиштаи муаллифони тадқиқот бадтар шудааст. Аз ҷумла, шумори хонаводаҳое, ки моҳи май гуфтаанд тули 7 рӯзи охир касе аз оилаи онҳо кор намекунад, аз 20 дарсади қаблӣ то ба 40 дарсад бештар шудааст.

Шумораи ҷойҳои кори холӣ дар пойгоҳи маъруфи somon.tj дар қиёс ба моҳи январ 70 дарсад камтар шудааст.

Зимнан, Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар номааш ба президенти Бонки Осиёи Рушд ҳам навишт, бинобар таъсирии манфии пандемияи короновирус ҳукумат пешбинӣ мекунад, ки 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бекор мемонанд ва мизони бекорӣ аз 2 то ба 6 дарсад боло меравад.

Дар Эрон ҳукми марги марди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо CIA иҷро шуд

Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд бо айби ҷосусӣ ба нафъи ИМА ва Исроил ба ҳукми марг маҳкум шудааст

Мақомоти низоми адлияи Эрон гуфтанд, ки ҳукми қатли собиқ корманди вазорати дифоъ, ки барои фурӯши иттилоъ ба Оҷонсии марказии истихбороти ИМА (CIA) айбдор дониста мешуд, иҷро гардид. Сухангӯи ин сохтор Ғуломҳусейн Исмоилӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки Ризо Асғарӣ давоми солҳои гузашта, замоне, ки барои вазорати дифоъ кор мекард, бо CIA дар тамос буд. Исмоилӣ гуфт, ки ҳукми марги Асғарӣ ҳафтаи гузашта иҷро шуд. Асғарӣ дар раёсати ҳавонавардии вазорати дифоъ кор мекард ва чор соли пеш ба нафақа баромад. Ҷудо аз ин, Ғуломҳусейн Исмоилӣ гуфт, ки ҳукми марги Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд, як маҳкумшудаи дигар барои ҷосусӣ ба нафъи ИМА ва Исроил ҳам бояд иҷро шавад.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки Мусавӣ-Маҷд иттилоъ дар бораи макони Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки моҳи январ дар як ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Ироқ кушта шуд, хабар додааст. Низоми додгустарии Эрон моҳи гузашта гуфт, ки Додгоҳи олӣ ҳукми қатли Мусавӣ-Маҷдро тасдиқ кард ва ҳукм “дар фурсати наздик” иҷро хоҳад шуд.

Президенти Косово ба саволҳои додситонҳои Гаага дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ посух дод

Гаага, Ҳолланд. Президенти Косово Ҳошим Тачӣ давоми шаш соат ба саволҳои додситонҳои муҳаққиқи ҷиноятҳои ҷангӣ посух дод.

Президенти Косово Ҳошим Тачӣ дар шаҳри Гаага ба саволҳои додситонҳои дар заминаи ҷиноятҳои даврони ҷанг посух дод. Рӯзи 24 июн Шӯрои коршиносони Косово гуфт, ки Тачӣ ва чанд чеҳраи саршиноси дигари ин кишвар дар содир кардани ҷиноятҳои ҷиддӣ гумонбар шуданд, аз ҷумла, «тахминан 100 куштор», нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва шиканҷа. Тачӣ як фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд, ки солҳои 1990-ум барои ҷудо шудан аз Сербия ҷанг кардааст. Тачӣ рӯзи 13 июл давоми тахминан шаш соат ба саволҳои додситонҳо посух дод. Баъди он ки ӯ бинои Шӯрои коршиносони Косоворо тарк кард, хабар дод, ки рӯзи 14 июл ҳам ба пурсишҳо посух хоҳад дод. Тачи гуфт, ки миёни вакили дифои ӯ Пйер Ричард Проспер ва додситонҳои ҷиноёни ҷангӣ «мубодилаи иттилоъ дар заминаи бархе масоили фаннӣ» сурат гирифт. Ӯ инчунин гуфт, ки саволҳо ба Артиши озодихоҳи Косово ҳам рабт дошт. Додситонҳо ҳеҷ ҷузъиёте дар заминаи ин пурсишҳо надоданд. Тачи лаҳзаҳое, ки барои посух додан ҳозир мешуд, гуфт, «ҳоло ман барои он чизе, ки дар борааш орзу кардаву ҷангидаам, аз эҳтиром маҳрум шудам. Косовои озод, мустақил ва бунёдшуда бар пояи ҳуқуқи баробар ва ҳукумати қонун», гуфт ӯ.

Наргис Муҳаммадии зиндонӣ: нишонаҳои коронавирусро дорам

Наргис Муҳаммадӣ, як фаъоли ҳуқуқи башар. Акс аз бойгонӣ

Наргис Муҳаммадӣ, як фаъоли зиндонии ҳуқуқи башари Эрон гуфт, ки нишонаҳои вируси COVID-19-ро дорад, ки аз сурфаи шадид, заъфи бадан, дарунрав, аз даст додани тавони бӯйкашӣ иборат аст, вале то ҳол мақомот аз фош кардани натиҷаҳои тести озмоишии ӯ худдорӣ мекунанд. Муҳаммадӣ дар номае, ки аз дохили зиндон навиштаву рӯзи 13 июл дар интернет ба чоп расидааст, гуфтааст, ки ҳамроҳ бо ӯ 11 зани дигари ҳамутоқаш дар зиндони Занҷон, 330-километрии ғарби Теҳрон, эҳтимолан аз коронавирус азият мешаванд. Муҳаммадӣ ба унвони сухангӯи Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар кор мекард, ки аз ҷониби барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ таъсис шудааст. Ӯ мегӯяд, нишонаҳои роҳ ёфтани коронавирус ба зиндон тахминан ду ҳафта пеш мушоҳида шуд. Наргис Муҳаммадиро барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зиддидавлатӣ ба 16 соли зиндон маҳкум карданд. Муҳаммадӣ гуфтааст, ки на ӯ ва на дигар ҳамутоқони ӯ дар зиндон ба ёрии тиббиву муолиҷа ва ғизои дуруст таъмин нестанд. Дар Эрон дар паи пандемияи коронавирус 13 ҳазор нафар ҷон дода, 260 ҳазор нафар олуда шудааст. Бовар меравад, ки омори воқеӣ аз ин бештар бошад

Толибон масъулияти ҳамлаи Самангонро бар дӯш гирифтанд

13 июл, беморхонае дар шаҳри Айбаки вилояти Самангон. Маҷрӯҳшудаҳо дар таркиши бомба муолиҷа мешаванд

Дар як ҳамлаи азими Толибон ба дафтарҳои сохторҳои интизомии Афғонистон дастикам 11 корманди амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар, асосан сокинони мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳи ҷангҷӯён дар даромадгоҳи Раёсати амнияти миллии маркази вилояти Самангон – шаҳри Айбак рӯзи 13 июл мошинеро бо истифода аз бомба тарконда баъдан ба дохили бино юриш карданд. Волии Самангон Абдулатиф Иброҳимӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯёрӯии чандинсоата бо марги чор ҳамлагар даргузашт. Иброҳимӣ гуфт, ки ҳамаи 11 корманди ҳукумат, ки кушта шуданд, узи Раёсати амнияти миллии Самангон буданд. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳамла 63 нафар, аксар афроди мулкӣ кушта шуданд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки масъулияти ҳамларо ин гурӯҳи шӯришӣ ба ӯҳда дорад. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Толибон ҳамлаҳо дар шимоли Афғонистонро вусъат бахшидаанд.

Маскав: патрули Русияву Туркия дар Сурия дар бомбае таркид

Таркиш дар назди шаҳри Ариҳои канори шоҳроҳи М4 рух дод. 14 июли соли 2020

Вазорати дифои Русия рӯзи 14 июл гуфт, ки як бомбаи сарироҳии аз ҷониби ҷангҷӯён дар Сурия ҷойгузоришуда партули муштараки Русияву Туркияро ҳадаф қарор дод. Дар натиҷа, се сарбози рус маҷрӯҳ шудааст. Тибқи гузоришҳо, дар ин таркиш инчунин чанд сарбози турк маҷрӯҳ шудааст. Таркиш дар қисматҳои ҷанубии минтақаи Идлиби таҳти назари шӯришиён дар шимолушарқи Сурия рух дод. Ин минтақаро шоҳҳоҳи М4-и стратегӣ меноманд, ки Ҳалабро бо Лазақия дар соҳилҳои баҳри Миёназамин пайваст мекунад. Дар паи чандин моҳ даргириҳои нирӯҳои Сурия бо пуштибонии Русия, ки наздики 1 миллион нафарро беҷо кард, Туркияву Русия моҳи марти имсол оташбасро ҷорӣ ва патрули муштаракро ба роҳ монданд. Ҳолати бавуҷудомада хатари ба Туркия фиристодани мавҷи азими паноҳандагонро ба вуҷуд овард. Ҳамчун бахше аз созиши оташбас, нирӯҳои Туркияву Русия патрули муштаракро дар минтақаи ҳоили миёни ҷангҷӯёну нирӯҳои ҳукуматии Сурия дар қитъае аз шоҳроҳи М4 роҳандозӣ кардаанд.

ИМА даъвоҳои Чин барои баҳри Ҷанубии чиниро рад кард

11 апрели соли 2017. Arleigh Burke - нобудкунандаи мушакҳои навъи USS Уэйн Э. Мейер (DDG 108)-ии ИМА аз обҳои баҳри Ҷанубии чинӣ убур мекунад

ИМА даъвои Чинро дар бораи ин ки аксари бахши баҳри Ҷанубии чинӣ ба Пекин марбут аст, рад намуд. Ин иддао, ки дар ҳамовозӣ бо кишварҳои соҳилии Осиёи Ҷанубушарқӣ карда шудааст, таниши то ҳол эҷодшударо боз ҳам пуршиддат мекунад. Дар як номае ҳамчун мавқеи расмии Вашингтон котиби давлатӣ Майк Помпео рӯзи 13 июл гуфт, ки ИМА талош дорад хеле рӯшан бифаҳмонад, ки ин иддао “комилан ғайриқонунӣ буда, ин як маъракаи зӯргӯӣ ба хотири назорати онҳо мебошад”. Давоми муддати тӯлонӣ ИМА иддаоҳои арзии Чинро, ки мегӯяд 90 дарсади баҳри Ҷанубии чинӣ ба Пекин мансуб аст, рад кардааст. Ин обҳо роҳи муҳими байналмилалии тиҷоративу захираҳои энержӣ мебошад. Кишварҳои Индонезия, Филиппин, Ветнам, Малайзия, Бруней ва Тайван ҳам иддао мекунанд, ки бахше аз баҳри Ҷанубии чинӣ ба онҳо марбут аст. Пекин ҳузури худро дар ин баҳр қавитар карда, пойгоҳҳои низомиву дигар зербиноҳое бунёд кардааст, ки барои тақвияти мавқеаш дар ҷазираву қитъаҳои дигари замин дар ҳудуди ин баҳр равона шудааст. Дар вокуниш нирӯҳои баҳрии ИМА ҳар сари чанд вақт ба гуфтааш машқҳо баргузор мекунад. Изҳороти ахири ИМА аз гузаштаҳо як қадам пештар буда аз мавқеи дигар кишварҳо, ки иддаоҳои марзӣ доранд, ҳимоят мекунад.

СҶТ: "Кишварҳо дар масири ғалати мубориза бо коронавирус қарор доранд"

Акс аз бойгонӣ.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, вазъи марбут ба бемории фарогири коронавирус "бадтару бадтар" хоҳад шуд.

Мудири кулли СҶТ Тедрос Гебрейесус гуфт, "теъдоди зиёди кишварҳо ба самту нодуруст рафтанд". Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ дар кишварҳое меафзояд, ки тадбирҳои муқобиларо бо коронавирус ё ҷорӣ накарданд ва ё риоя".

Дар ҳоли ҳозир Амрикои Марказиву Ҷанубӣ душвортарин вазъиятро доранд. Дар ИМА, ки 3,3 млн ҳолати гирифторӣ сабт шудааст, муносибатҳои байни коршиносони соҳаи тиб ва президенти кишвар Доналд Трамп шиддат гирифтааст. Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод, ки дар ИМА 135 ҳазор кас аз коронавирус фавтидааст.

Дар як нишаст дар Женева Гебрейесус гуфт, ки изҳороти зидду нақизи роҳбарон мардумро аз танзими вазъи вабои коронавирус ноумед кардааст.

"Вабо душмани умумии рақами аввал боқӣ мондааст, аммо рафтори бархе аз ҳукуматҳо ва одамон инро инкор мекунад", гуфт мудири СҶТ. Чораҳое, аз қабили фосилаи иҷтимоӣ, шустани дастҳо, пӯшидани ниқоб - муносибати ҷиддиро талаб мекунанд. Гебрейесус ҳушдор дод, ки "дар ояндаи наздик баргаштан ба зиндагии маъмулӣ имкон надорад".

Дар Узбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август низ тамдид шавад

"Дар Узбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август ҳам тамдид шавад", -гуфт Баҳодур Юсупалиев, муовини вазири тандурустии он кишвар дар суҳбат бо расонаҳо.

"Мо чораҳои карантинро то 1 август тамдид кардем. Ин ба он вобаста аст, ки давраи пӯшидаи гирифторӣ ба коронавирус то 14 рӯз давом мекунад", - гуфт Юсупалиев.

Вале вай афзуд, дар сурати афзоиши теъдоди беморон ва маргу мир аз коронавирус, тадбирҳои карантин мумкин аст, баъди 1 август низ тамдид шаванд.

"Танҳо дар як ҳафтаи охир шумори мубталоёни вируси корона 3 ҳазор афзуд, яъне қариб 30 дарсад. Вазъият шадид аст. Лабрез шудани беморхонаҳо аз беморони коронавирус метавонад, боис шавад, ки беморони дигар, аз ҷумла саратону қалбу касони ниёзманд ба ҷарроҳӣ аз хадамоти тиббӣ маҳрум шаванд. Аз ҳамин хотир барои пешгирӣ аз фурурезии низоми тандурустӣ мо маҷбур шудем, чораҳои карантинро барқарор кунем",-афзуд Юсупалиев.

Дар Узбекистон сар аз 13 июл маҳдудиятҳои нави карантин ҷорӣ шуд.

Шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар Узбекистон расман ба 13 ҳазору 193 ва шумори фавтидагон ба 61 расидааст.

Рашид Раҳимов, академик ва миёнарави сулҳи Тоҷикистон даргузашт

Акс аз https://tut.tj

Дар Душанбе дар синни 88-солагӣ донишманди маъруфи илми иқтисодшиносӣ Рашид Раҳимов даргузашт. Академик Рашид Раҳимов мудири шӯъбаи таҳқиқоти назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (АИТ) буд.

Рашид Раҳимов ҳамчунин бо он дар ёдҳо мемонад, ки моҳи майи соли 1992 ҳамроҳ бо чеҳраҳои саршиноси илму фарҳангу адаби тоҷик Отахон Латифӣ, Акбари Турсон ва Лоиқ Шералӣ талош кард, пеши роҳ ба ҷанг лағжидани Тоҷикистонро гирад. Ин чаҳор нафар дар байни ҳукумат ва мухолифон миёнаравӣ карданд, ки ба таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ сабаб гашт. Ин ҳукумат мебоист заминаҳои қабули конститутсияи нав ва интихоботро фароҳам меовард, вале мухолифати минтақаҳи Кӯлоб ва Хуҷанд ба он талошҳои осоиштаи ҳалли масъалаи қудратро дар кишвар ноком гардонд.

Лутфулло Саидмуродов, аъзо-корреспонденти АИТ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки Рашид Раҳимов рӯзи 13 июл даргузашт ва ҳамон рӯз ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи ӯ, донишманди маъруф аз дарди дил азият мешуд ва “тахминан 8 моҳ пеш аз як давраи муолиҷа аз Маскав баргашта буд. Устод коронавирус нашудаанд”, таъкид кард Саидмуродов.

Лутфулло Саидмуродов гуфт, ки Рашид Раҳимов “пири илми иқтисоди миллии Тоҷикистон буд”. Ӯ дар давраи шӯравӣ давоми 24 сол раҳбарии Институти иқтисоди АИТ-ро ба ӯҳда дошт, дар заминаи иқтисоди минтақаҳову кулли ҷумҳурӣ таҳлилу таҳқиқот анҷом дода, дар таъсиси маҷмӯаҳои иқтисодӣ дар қаламравҳои мухталифи Тоҷикистон саҳмгузор шудааст.

Саидмуродов гуфт, ки таҳқиқоти даврони истиқлолияти Раҳимов ба мавзӯъҳои иқтисоди бозаргонӣ бахшида шуда, муаллифи монографияи калони “Иқтисоди даври гузор: назария, консепсия ва методология” мебошад. Инчунин, ба гуфтааш, дар барномаи ислоҳоти иқтисоди миллӣ иштирок кардааст, ки давоми даҳ сол иҷро мавриди қарор гирифт. “Кори охирини устод китоби сеҷилда оид ба асосҳои рушди инноватсионии Тоҷикистон буд. Охирин китобе, ки навишта, вале тамом накарданд ва мо онро бояд ба анҷом расонем, “Курси лексия барои иқтисодчиёни муосир” аст, ки соли 2019 навиштанд. Аз мо хостанд, ки ҳатман онро ба анҷом расонем”.

Як шогирди Рашид Раҳимов – Дилором Ишматова, ки аз даргузашти устодаш дар Фейсбук хабар дод, ӯро ба унвони яке аз донишмандони бузурги илми иқтисоди Тоҷикистон ситоиш кард.

Дар Туркманистон тавассути баландгӯ мардумро ба пӯшидани ниқоб даъват мекунанд

Шаҳри Ишқобод.

Вазорати тундурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ба сокинони ин кишвар тавсия дод, ки ба далели "гарду ғуборолуд будани ҳаво", сар аз 13 июл ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Вазорат мегӯяд, аз меъёр бештар будани гард "ба сиҳатии одам, пеш аз ҳама низоми нафасгирӣ зиён дорад". Ба шаҳрвандон ҳамзамон тавсия мешавад, ки "дар фосилаи на камтар аз 1 метр аз ҳамдигар қарор гиранд" ва тозагиро риоя кунанд. Ба гуфтаи вазорат, нӯшидан оби ях ва зери ҳавополо низ қарор қарор гирифтан тавсия дода намешавад, зеро мумкин аст, ин ду "боиси бемориҳои роҳи нафас гарданд".

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, пулис тавассути баландгӯ дар роҳҳо ин тавсияҳои вазорати тандурустии Туркманистонро қироат мекунад. Шоҳидон мегӯянд, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Ишқободу Туркманбошӣ ба сокинон ниқоб тақсим мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон то кунун мавҷуд будани коронавирусро дар ин кишвар тасдиқ намекунанд. Расонаҳо хабар медиҳанд, чанде аз марказҳои тиҷорӣ ва бозорҳои калони он кишвар ба карантин гирифта шудаанд.

Фавти 6063 кас дар Суғд дар 6 моҳ. "Марги ҳеҷ яке аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст"

Шаҳри Хуҷанд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон беш аз 6 ҳазор сокини Суғд вафот кардааст. Вале мақомот мегӯянд, ки фавти ягон нафари онҳо аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ин маълумотро масъулони Шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд рӯзи 14-уми уми июл зимни нишасти хабарӣ эълон карданд.

Фараҳманд Нарзизода, як масъули ин ниҳод гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 6 ҳазору 63 сокини Суғд фавтиданд, ки назар ба соли пеш 285 нафар зиёд аст. Ӯ дар посухи ба ин суол, ки бемории ҳамагири COVID - 19 сабаби ба ҳалокат расидани чанд нафар гардид, гуфт:

"Фавтидани ягон нафар бемори COVID -19 дар шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят ба қайд гирифта нашудаст. Лекин сабаби фавти 203 нафар расман аз бемории "илтиҳоби шуш", ҳамчунин 109 нафари дигар аз "норасоии шадиди кори шуш ва дил" ба қайд гирифта шудааст."

Ба гуфтаи масъулони шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ин ниҳод сабабҳои марги сокинонро аз рӯи шаҳодатномаи тиббии вафоти онҳо, ки Раёсати тандурустӣ таҳия ва пешниҳод мекунад, расман сабт мекунад.

Додситонӣ мегӯяд, тафтиши парвандаи Хӯҷа-Командир идома дорад

Хӯҷа Каримов.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқӣ дар ҳоли баррасӣ буда, баъд аз анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод.

Мақомоти интизомии кишвар моҳи феврали имсол гуфтанд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеаш маълум нест.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали имсол аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.

Додситонӣ: "Шаҳрдори пешини Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд"

Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин", ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. "Парвандаи собиқ шаҳрдори Кулоб дар баррасӣ аст"-гуфт Юсуф Раҳмон рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Баҳром Иноятзодаро авоили моҳи гузашта бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд. Рӯзи 8-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмуронаш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми "фасодкорӣ" дастгир карданд. Аммо наздиконаш гуфтанд, ки бовар надоранд ӯ ба чунин коре даст зада бошад.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз шуда, садҳо нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда ва беш аз 6286 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввал баргардонида шудааст. "Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомонӣ барқарор карда шуд",-афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ин, ҷиноятҳои марбут ба замин ва заминфурӯшӣ дар ҳоли афзоиш аст. Як роҳи аз байн бурдан ва ё кам кардани заминфурӯширо коршиносон дар ташкили бозори қонунии замин дар Тоҷикистон мебинанд. Чун шумораи аҳолӣ торафт зиёд мешавад ва талабот ба замин зиёд аст ва масъуле, ки ҳуҷҷатҳои заминро омода мекунад, майли хеле баланди гирифтани ришваро дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду соли пеш ҳам хоста буд, ки дар Додситонии кулли кишвар сохтори алоҳида доир ба назорати риояи қонунгузории замин таъсис дода шавад. Он замон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо кормандони додситонӣ гуфта буд, ки дар давоми 26 соли охир 130 ҳазор гектар замин ба 1,400 миллион хонавода барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, бо айби мақомот бинобар ноодилона тақсим шудани замин, ҷиноятҳо содир шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG