Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фабиус: "Музокирот охирин талоши дипломатист"


Лоран Фабиус
Лоран Фабиус

Лоран Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса мегӯяд, “ба эҳтимоли зиёд” мулоқоти раҳбарони 4 кишвар барои баррасии муноқишаи шарқи Украина бо вуҷуди баъзе масъалаҳои ҳалнашуда 11 феврал дар Минск баргузор мегардад.

Дар ҳоле, ки ҷанг идома дорад ва низомиёни Украина дар бораи куштори 19 нафар сарбозонашон дар ҳамлаи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шаҳраки наздикии роҳи оҳан гузориш додаанд, Фабиус мегӯяд, ки мулоқоти Минск “воқеан ҳам имкони охирини музокирот аст”.

Музокироти пешниҳодии миёни Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Франсуоа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон бахше аз талошҳои дипломатист, ки мехоҳанд ба ҷангҳои шарқи Украина хотима гузоранд. Аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол дар ин ҷангҳо дар шарқи Украина 5 350 нафар ҷон бохтаанд.

Фабиус ба радиои France Inter гуфтааст, ки “ба эҳтимоли зиёд мулоқот баргузор мешавад”, бо вуҷуди ин ки “як силсила масъалаҳои боқимонда бояд ҳал шавад”. Путин гуфтааст, ки қабл аз баргузории ин мулоқот бояд чанд масъала рӯшан шавад.

XS
SM
MD
LG