Раиси Шӯрои амнияти Кохи Кремли Маскав мегӯяд, агар Амрико тасмим бигирад, ки Украинаро бо аслиҳа таъмин мекунад, ба эҳтимоли зиёд Русия ба ин тасмим на аз роҳҳои низомӣ, балки аз роҳҳои “дипломатӣ” ҷавоб хоҳад дод.
Суханони Николай Патрушевро телевизиони давлатии Русия аз қавли хабаргузории ТАСС 10 феврал пахш кард. Вай гуфтааст, омадани аслиҳаи Амрико ба нируҳои ҳукуматии Украина “дар оянда ин муноқиша”-ро дар шарқи Украина сахттар хоҳад кард.
Вале ҳангоме, ки аз Патрушев дар бораи ситонидани интиқоми низомӣ суол карданд, вай гуфт: “На, ман фикр мекунам, ки мо аз роҳҳои дипломатӣ амал мекунем”.
Амрикову НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва Киев Русияро муттаҳам мекунанд, ки дар шарқи Украина нируҳо ва аслиҳаи вазнини худро ҷой медиҳад, то аз ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ҳимоят кунад.
Бо вуҷуди ифшои нишонаҳои ҳар чӣ бештар президент Путин инкор мекунад, ки Русия ба шарқи Украина ниру ва аслиҳа нафиристодааст.