Додгоҳе дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ду шаҳрванди кишварро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Эрон ба зиндон маҳкум кард. Фоиқ Қурбонов ва Саймур Ризозодаро рӯзи 5-уми феврал бо гуноҳи хиёнат ба ватан, мутаносибан ба 14 ва 13 соли зиндон маҳкум карданд. Ба гуфтаи муфаттишон, ин ду нафар соли 2013 бо ниҳодҳои ҷосусии Эрон ҳамкорӣ доштаанд. Соли 2012 ҳам ду шаҳрванди Озарбойҷон Ҳофиз Валиев ва Оғомир Оғомировро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Эрон ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Соли 2012 мақомоти Озарбойҷонро чанд нафарро дастгир карда ва гуфтанд, ки ин афрод бо Эрон робита доранд ва мехостанд, дар Озарбойҷон ҳамла анҷом диҳанд. Баъди ин муносиботи ду кишвар печида шуд.