Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави тоҷикон зидди... маҳалгароӣ


Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар 20 минтақаи Русия маркзаи нави илмиву фарҳангиро таъсис дода, ҳадафи аз байн бурдани маҳалгароиро доранд. Ин марказ ба ҷои Ҷамъияти умумирусиягӣ ташкил шудааст.

Ҷамъиятҳои тоҷикон дар бист минтақаи Русия бо баргузории ҷаласае дар шаҳри Твер “Маркази умумирусиягии илмиву фарҳангии тоҷикон”-ро таъсис додаанд. Ҳоло раҳбари ин марказ Муқим Майбалиев интихоб шуда, асноди он барои сабтином ба ниҳодҳои зидахли Русия ирсол гардидааст.

Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар бист гӯшаи Русия гуфтаанд, ин марказ ба ҷои “Ҷамъияти умумирусиягии тоҷикон” ташкил ёфта, ҳадафаш бештар тарғиби илму фарҳанги тоҷикон аст.

Муқим Майбалиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “фикри ҳамаи ҷамъиятҳо дар сатҳи баланд нишон додани маданияти таърихии тоҷикон дар Русия ва хотима додан ба маҳалгароист. Ҳоло дар Русия ҷамъиятҳое вуҷуд доранд, ки бо назардошти минтақаву маҳалҳои худ ташкил шудаанд. Мо бояд аз ин кор худро дур бигирем. Ин маркази умумирусиягӣ мешавад”.

Ҷаноби Майбалиев мегӯяд, ин марказ дар минбаъда мехоҳад, на танҳо бо марказҳои минтақаӣ, балки бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ниҳодҳои ҳукуматии Русия дар маҳалҳо низ ҳамкории хуб дошта бошад, то дар мавридҳои зарурӣ аз онҳо ёрӣ бигирад.

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, аз ташкили ин маркази нав истиқбол кард ва гуфт, "бояд бештар ба таъсиси марказҳои илмӣ ва фарҳангии тоҷикон дар минтақаҳои Русия таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад." Зеро, ба қавли ӯ, "маҳз ташкилоти ҷамъиятӣ ва диаспораҳое, ки номнавис шудаанд, дар гирду атрофи худ чанд нафар аз хешу таборонашонро ҷамъ карда, фаъолият мебаранд. Ба ҳамин чиз бояд хотима гузошта шавад ва ин марказҳои фарҳангӣ марказҳои воқеие бошанд, ки ба боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо кумак кунанд."

Аммо бо ташкили Маркази илмиву фарҳангии умумирусиягии тоҷикон суоле ба миён меояд, ки оё бо тағйири ном имкон дорад, мухолифатҳои байни худи ҷамъиятҳо ва ё байни ҷамъиятҳо бо сафорати Тоҷикистон аз байн биравад? ​Абдулмаҷид Сурхаков, таҳлилгари умури муҳоҷират дар Маскав, ташкили ҷамъияти ягонаи тоҷикони муқими Русияро дар ҳар шакл, масалан дар шакли маркази фарҳангӣ, амри зарурӣ донист. Ӯ аз маҳалгароӣ дар ҷамъиятҳои кунунии тоҷикон ёдоварӣ кард ва гуфт, сабаби маҳалгароӣ дар ҷамъиятҳои тоҷикон пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст, ки муҳоҷиронро дар Русия ба гурӯҳҳо ҷудо карда буд ва то ҳол баъзе нишонаҳои он боқӣ мондааст.

Ба қавли Сурхаков, "агар ҳамин падидаҳои номатлубро маркази нав ё ҷамъияти нав канор гузорад ва бо ҳама гурӯҳҳо ҳамкориву муносибати яксон дошта бошад, дар он сурат дар фаъолияти худ мисли ҷамъиятҳои муҳоҷирони Озарбойҷону Арманистон муваффақ хоҳад буд."

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов - раиси “Иттиҳоди тоҷикони Русия” яке аз ҷамъиятҳои бузурги тоҷикон низ ҳамин ақидаро ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, агар ин ҷамъият ё марказ ба нафъи тоҷикон кор кунад, бо он ҳамкорӣ хоҳад кард. Аммо Каромат Шарипов - раиси “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” изҳор дошт, ӯ дар мулоқоти Твер ширкат накардааст ва аз изҳори ақида дар бораи ҳамкорӣ бо ин маркази нав худдорӣ мекунад. Шарипов гуфт, ҷунбиши зери раҳбарии вай ҷамъияти бузург аст ва дар алоҳидагӣ ба таври мустақил фаъолияти худро идома медиҳад.

Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон номгузорӣ шудани ҷамъияти умумирусиягиро чун Маркази илмиву фарҳангӣ аз он ҷиҳат муҳим мешуморанд, ки барои дарёфти кумакҳои молӣ аз соҳибкорону тоҷирони муваффақи тоҷик дар Русия мушкил пеш нахоҳад омад ва онҳо барои баргузории барномаҳои фарҳангии худ чунин ёриҳоро метавонанд дарёфт кунанд. Вале тибқи қонунҳои ҷории Русия на ҳар ҷамъият ҳақ дорад, аз кумаки молии соҳибкорон ё ҳукумати худ бархӯрдор шавад.

XS
SM
MD
LG