Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 тан дар роҳи Душанбе-Чаноқ


Ukraine, Crimea - "Road of Death" in Simferopol began to repair without working. 27Jan2015
Ukraine, Crimea - "Road of Death" in Simferopol began to repair without working. 27Jan2015

Дар пайи як садама дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки маркази кишварро бо шимол пайванд медиҳад, панҷ нафар ҷон бохтаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин садама тахминан соати 11-и шаби 30 январ бо иштибоҳи Аҳмадхон Олимов – ронандаи “Хингчианг” (рақами давлатиаш ТҶ 78-13 АВ 02) дар ҳудуди Шаҳристон рух додааст. “Олимов бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба автомшинаи тамғаи “Хонда CR-V”, рақами давлатиаш ТҶ 61-48 ВН 02, таҳти идораи ронанда Азим Холов бармехӯрад”,-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури дохилӣ.

Дар натиҷа, Азим Холов (соли таваллуд 1959), сокини Душанбе; Барот Рабиев (1975), сокини Вахш; Фатҳулло Ҷӯраев (1980), сокини Исфара; Боймурод Мирзоев (1958) ва Диловар Масаидов (1984) – сокинони Хуҷанд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG