Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Фаронса гаравгонҳоро озод кард


Полиси Фаронса мегӯяд, як марди мусаллаҳро, ки ду нафарро дар идораи почта дар канораи Порис гаравгон гирифта буд, боздошт ва гаравгонҳоро раҳо кард. Ҳодиса дар Коломбес, шаҳраке дар шимолуғарби Порис ба вуқӯъ пайваст. Радиои RTL хабар дод, ки мард ба гуфтаи худаш, мусалсали Калашников, карабини автоматӣ, туфангча ва норинҷакҳо дорад ва се гаравгонро нигоҳ медорад. Дар натиҷаи гуфтугӯ бо ин шахс полис ӯро ба таслим шудан водор намуд ва гаравгонҳоро озод кард. Полис мегӯяд, алҳол маълум нест, ин шахс бо ситезаҷӯёне, ки ҳафтаи гузашта сабаби қатли 17 нафар шудаанд, пайванде дорад ё на.

XS
SM
MD
LG