Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳамсари М.Ҳимматзода


Хайриниссо Ҳимматзода, ҳамсари раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳимматзода бар асари беморӣ даргузаштааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Хайриниссо Ҳимматзода баъд аз зӯҳри рӯзи 14-уми январ бар асари бемории шалали гурда вафот кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, Хайриниссо Ҳиматзода аз як сол ба ин тараф аз ин беморӣ ранҷ мебурд ва барои табобат ба Эрон низ рафта буд. Худи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар моҳи марти соли 2010 пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт ва ҷасадаш дар паҳлӯи Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуда буд. Маросими ҷанозаи Хайриниссо Ҳимматзода имрӯз, соати 13:00 дар масҷиди Имом Бухории Душанбе баргузор мегардад. Хайриннисо Ҳимматзода 1-июли соли 1958 дар оилаи рӯҳонии маъруф, марҳум Эшони Тоҷиддин ба дунё омадааст. Аз Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ҳамсараш 7 фарзанд ба ёдгор мондааст.

XS
SM
MD
LG