Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Роналду мухлиси ...Мессӣ аст


Сомонаи нашрияи варзишии AS-и Испания рӯзи 14 январ навори видеоие ҷолиберо аз маросими супурдани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар шаҳри Сюрихи Швейсария нашр кард. Бозигари маъруф Криштиан Роналду ҳамроҳ бо писараш дар толор нишаста буд ва вақте, ки дигар футболбози маъруф Леонел Мессӣ вориди толор шуд, писари хурди Роналду аз ҷо бархоста сӯи ӯ рафт то эҳтиромашро ба ҷо оварад. Баъди ин Роналду иқрор шуд, ки писараш мухлиси Мессӣ аст ва пайваста аз интернет наворҳои ӯро тамошо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Криштиан Роналду, ҳамлагари дастаи "Реал"-и Мадриди Испания ва тими мунтахаби миллии Португалия, барандаи “Тӯби тиллоӣ”-- ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 шуд. Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 12-уми январ баргузор гардид. Ба ҷуз Криштиану Роналду боз ду нафар - Лионел Месси, ҳамлагари дастаи “Барселона” ва Мануэл Нойер, дарвозабони тими «Бавария»-и Мюнхен ва дастаи мунтахаби Олмон ҳам довталабони “Тӯби тиллоӣ” буданд.

XS
SM
MD
LG