Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол ҷустуҷӯи Януковичро эълом дошт


Полиси байнулмилал ё Интерпол раисиҷумҳури пешини Украина Виктор Януковичро ба феҳрасти афроде дохил кард, ки мавриди ҷустуҷӯи ин ниҳоданд. Дар торнамои Интерпол гуфта мешавад, ин шахс барои азхудкунӣ, харҷ ва табдили моликият дар ҳаҷми хеле калон ё ба воситаи гурӯҳи созмонёфта ҷустуҷӯ мешавад. Янукович моҳи феврали соли 2014 баъд аз чанд моҳи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Киев зидди қарорҳои зидждиаврупоии ӯ ба Русия фирор кард. Мақомоти Украина мегӯянд, бино бар даъвати Интерпол бояд ҳама кишварҳо ба боздошт ва истирдлодои ӯ ба Киев ёрмандӣ кунанд. Ба гуфтаи онҳо, писари Янукович ва чанд вазири ҳукумати ӯ низ дар ин феҳраст шомиланд, вале ин номҳо ҳоло дар торнамои Полиси байнулмилал нашр нашудаанд.

XS
SM
MD
LG