Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ба Порис сафар мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ин ҳафта дар сафаре ба Порис баъд аз ҳамлаҳои марговари ситезаҷӯёним исломӣ чораҳои зидди тундгароиро бо мақомоти Фаронса баррасӣ хоҳад кард. Бо зикри ин нукта дар Ҳинд рӯзи 12-уми январ гуфт, вай рӯзҳои 15 ва 16 январро дар Порис ба сар хоҳад бурд. Ҳукумати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама барои он зери танқид аст, ки намояндаи аршади худро барои ширкат дар раҳпаймоии 11-уми январи Порис нафиристод. Дар ин раҳпаймоӣ зиёда аз 1 миллион нафар, аз ҷумла сарони 40 кишвар ширкат карданд. Керрӣ дар сафари Порис бо вазири умури хориҷии Фаронса Лорен Фабиус мулоқот мекунад ва хотираи қурбониёни ҳамлаҳои 7-9 январро пос медорад, ки дар натиҷаи онҳо 17 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG