Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон манат арзон ва бензин қимат шуд


Бонки марказии Туркманистон қурби манат, пули миллии кишварро дар баробари доллари амрикоӣ поин овард ва қимати бензинро бисёр боло бурд. Дар иттилоияи Бонки марказии Туркманистон аз рӯзи 1-уми январ омадааст, ки ҳоло як доллар ба 3 манату 50 танга баробар аст, ҳарчанд аз соли 2009 то кунун як доллар дар Туркманистон бо 2 манату 85 танга иваз мешуд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи 1-уми январ тамоми саррофӣ ва бонкҳо, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои кишвар баста буданд. Айни замон вазорати нафту гази Туркманистон гуфт, ки қимати бензинро 60 дар сад афзоиш дода ва онро аз 62 танга ба як манат расонидааст. Ҳукумати Туркманистон сабаби коҳиш додани қурби пули миллӣ ва боло бурдани қимати бензинро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG