Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 3 миллион доллар қарзи музди меҳнат дар вилояти Хатлон


Мақомоти вилояти Хатлон аз вуҷуди қарзи маош изҳори нигаронӣ карда, хостори рафъи ин мушкил шудаанд.

Ин нигаронӣ аз ҷониби Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар иҷлосияи 20-уми маҷлиси вакилони халқи ин вилоят сурат гирифтааст.

Баҳром Миров, сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлилии раиси вилояти Хатлон, рӯзи сешанбеи 23 декабр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан мизони қарзи музди меҳнат дар ин вилоят маблаӯи ҳудуди 17 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ҷаноби Миров, қарздорӣ аз маош умдатан дар идораҳои барқ, об, ва кишоварзӣ ҷой доштааст.

Ин аст, ки ба таъкиди ҷаноби Миров, раиси вилоят “ин амрро хилофи ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба меҳнат” арзёбӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол кормандони Оҷонсии фасод дар вилояти Хатлон ба миқдори 16, 3 миллион омонӣ камбуди молиявиро ошкор кардаанд, ки аз ин ҳудуди 11 милионаш барқарор шудааст.

Гуфта мешавад, камбудиҳо бештар дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Норак, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ, Шӯрообод ва Хуросон ҷой доштааст.

Қарздорӣ аз музди меҳнат дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки иддае аз омӯзгорони ин минтақа низ аз таъхир дар пардохти маоши моҳонаашон шикоят мекунанд ва мегӯянд, ҳудуди се моҳ боз ҳуқуқи худро дарёфт карда натавонистаанд.

XS
SM
MD
LG