Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ дар Қримро мамнӯъ кард


Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 18-уми декабр барномаеро қабул кард, ки бар асоси он сармоягузорӣ дар нимҷазираи Қрим, ки Русия ба қаламраваш ҳамроҳ кард, мамнӯъ мешавад. Русия ин иқдоми Иттиҳодияи Аврупоро “комилан ғайриқобили қабул” номид. Бар асоси санад, шаҳрвандони кишварҳои узв ва ширкатҳои сабтшуда дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ҳақ надоранд, дар нимҷазираи Қрим моликияти ғайриманқул бихаранд, бо ширкатҳои ин нимҷазира корхонаҳои муштарак бисозанд, саҳмияҳо ва ё дигар авроқи гаронбаҳои он ширкатҳоро бихаранд. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин фурӯши маҳсулот барои арсаҳои истихроҷи нефт ва технология ва ё хариди ингуна молу коло аз нимҷазира барои кишварҳои узвро мамнӯъ кард. Киштиҳои сайёҳии кишварҳои узв низ ҳақ надоранд, дар бандарҳои Қрим лангар андозанд. Вазорати умури хориҷии Русия ин амалкарди Иттиҳодияи Аврупоро “талоше барои танбеҳ додани сокинони Қрим” номид.

XS
SM
MD
LG