Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубли русӣ дар баробари сомонӣ низ поин рафтааст


Дар Тоҷикистон рубли русӣ дар давоми як шабонарӯзи охир аз се як ҳиссаи арзиши худро дар баробари сомонӣ-пули миллии Тоҷикистон аз даст додааст.

17 декабр дар саррофиҳои шаҳри Душанбе 100 рубли русӣ 6,5 сомонӣ савдо мешуд, дар сурате ки як рӯз пеш ба 100 рубл 9,5 сомонӣ медоданд.

Бонкҳое, ки ба табодули пулҳои хориҷӣ машғуланд, дирӯз басаррофиҳои худ гуфтаанд, ки ба сабаби коҳиши арзиши рубл дар баробари доллар ва евро дигар аз муштариён рубли русӣ харидорӣ накунанд. Вале имрӯз дастур додаанд, ки мисли пеш хариду фурӯши рубро ба арзиши 6,50-6,60 сомонӣ барои 100 рубл идома диҳанд.

Ҳоло дар саррофиҳои Душанбе харидорони рубл хеле кам шудаанд, вале ононе, ки мехоҳанд рублро бо сомонӣ иваз кунанд зиёданд.

XS
SM
MD
LG