Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо дар Афғонистон ҳамлаҳои фоҷиабор анҷом доданд


Тундравҳо дар Кобул ва дар минтақаҳои ҷанубии ин кишвар чанд ҳамлаи фоҷиабор анҷом додаанд. Дар ин ҳамлаҳо дастикам 19 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Пулис мегӯяд, Толибон дар наздикии пойгоҳи пешини Бритониё бо номи Бастион дар вилояти Ҳилманд 12 коргарри кони ангиштро ба қатл расондаанд. Баъд аз ҳамла миёни нируҳои артиши Афғонистон ва Толибон даргирӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Аз сӯи дигар, вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар як ҳамлаи маргталабона дар ғарби шаҳри Кобул як автобус, ки сарбозонро интиқол медод, хароб шудааст. Дар бораи шумораи қурбониён маълумот дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG