Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин имрӯз паёми солонааашро ироа мекунад


Қарор аст, имрӯз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, паёми солонааш ба порлумонро ироа кунад. Ӯ дар ҳузури мақомоти баландпоя, рӯҳониёни мӯътабар ва дигар шахсиятҳои шинохтаи Русия дар Кохи Кремл суханронӣ мекунад ва суханронӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ мустақим намоиш дода мешавад. Бар изофаи нишасти хабарии солона ва муколамаи мустақими телевизионӣ бо мардум, Владимир Путин паёми солонааш ба порлумонро барои нишон додани худ ба ҳайси як раҳбари қавии Русия истифода мекунад. Дар суханронии имсола ғолибан Владимир Путин ба мардум хоҳад гуфт, ки амалкардҳои Русия дар Украина дуруст аст. Муноқиша дар ин кишвар муносиботи кишварҳои ғарбӣ ва Русияро бад кардааст. Ӯ мумкин аст, барои ором кардани мардум талош кунад, ки аз поён омадани қурби рубли русӣ нигарон шудаанд. Ва ҳамчунин қотеъияти худро дар баробари таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Русия нишон бидиҳад.

XS
SM
MD
LG