Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Исмоилов аз “Лола” ба “Базморо" рафт


Ҷамшед Исмоилов, ҳунарманди саршиноси Тоҷикистон аз раҳбарии Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматанишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода барканор шуда ва ба муовинати Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо" таъйин гардидааст. Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2 декабр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки барканории Ҷамшед Исмоилов аз ансамбли рақсии “Лола” ва таъини вай ба мақоми муовини раиси ширкати “Базморо”, бо фармоишҳои вазир фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба иттилои ин манбаъ, ҳамакнун бар асоси фармоиши дигари вазири фарҳанг, ба симмати раҳбарии гурӯҳи рақсии “Лола” Искандар Раҷабов Искандар таъин гардидааст. Зимнан, Ҷамшед Исмоилов аз ҳунармандони маъруфу маҳбуби тоҷик аст, ки дар гузашта муовинати вазири фарҳанги Тоҷикистонро низ бар дӯш дошт.

XS
SM
MD
LG