Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳонгконг полису эътирозгарон боз вориди бархӯрд шуданд


Дар Ҳонгконг талоши садҳо эътирозгарон барои ишғоли бинои ҳукумати маҳаллӣ ба задухӯрд бо полис печид. Кормандони ҳифзи тартибот рӯзи 1 декабр ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди эътирозгарон ба хиёбони марказии шаҳр аз калтакҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурданд.

Садҳо нафар сафи полисро шикаста, ҳаракати нақлиётро дар хиёбони марказӣ боздоштанд. Ба гуфтаи эътирозгарон, ҳадафи онҳо аз роҳбандӣ ҷилавгирӣ аз вуруди раҳбари Ҳонгконг Лян Чжэнин ва дигар мансабдорони ҳукуматӣ ба даҳтари корашон буд. Чиҳил нафар боздошт шуда, чанд тан аз мансабдорон дар бархӯрд осеб дидаанд.

Эътирозгарон мехоҳанд, интихоботи навбатии раҳбари Ҳонгконг дар соли 2017 аз тариқи демократӣ баргузор шавад, аммо мақомоти Чин ба ин мухолифанд – Пекин таъини раҳбари Ҳонгконгро ҳаққи худ мехонад.

Ҳукумати Чин рӯзи 30 ноябр эълом дошт, ки ба ҳайати парлумонии Бритониё иҷозаи вуруд ба Ҳонгконгро надодааст.

XS
SM
MD
LG