Попи Рум Франсис ва Бартоломейи 1, пешвои калисои православии ҷаҳон бо як муроҷиати муштарак хостори сулҳ дар Украина шуданд ва аз тамоми тарафҳо хостанд, бо такя ба қонунҳои байналмилалӣ муноқиша дар он кишварро поён диҳанд. Попи Рум ва Бартоломейи 1 баъди ширкат дар маросими гиромидошти Андрейи муқаддас як авлиёи мӯътабари православҳо дар шаҳри Истанбул баёнияи муштаракро нашр карданд. Ду рӯҳонии мӯътабар ҳамчунин талаб карданд, ки ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ ба таъқиби масеҳиён дар Ироқу Сурия хотима диҳанд. Попи Рум ва Бартоломейи 1 дар баёнияи худ ба “муколамаи созанда бо дини ислом ва бар тибқи эҳтирому рафоқати байниҳамдигарӣ даъват карданд.” Попи Рум пешвои бештар аз 1 миллиарду 200 миллион нафар аз католикҳои ҷаҳон рӯзи 30-уми ноябр сафари серӯзааш дар Туркияро хотима медиҳад.