Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Саакашвилиро боз маҳкум карданд


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Додситонии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешинро барои ҳамдастӣ дар куштори Сандро Гиргвлианӣ-корманди бонк дар соли 2006 муттаҳам кард.

Ҷасади Гиргвлианӣ-раҳбари раёсати хориҷии бонки муттаҳидаи Гурҷистонро соли 2006 дар берун аз шаҳри Тифлис бо ҷароҳатҳои гуногун пайдо карданд. Вай қабл аз ин дар тарабхонае бо як гурӯҳи кормандони боломақоми вазорати корҳои дохилаи Гурҷистон баҳс карда буд.

Он вақт ин куштор ва саҳлангории ҳукумат барои расидагӣ ба он боиси интиқодҳои шадид аз ҳукмати Михиал Саакашвилӣ шуда буд. 27 ноябр додситонӣ дар изҳороте гуфт, ки Саакашвилӣ як ҷо бо Вано Меробишвилӣ-вазири вақти корҳои дохилӣ дар тақаллуби асноди ин парванда ва пинҳон доштани далелҳо даст дорад.

Меробишвилӣ аз ҳампаймонҳои ссиёсии Саакашвилӣ моҳи гузашта дар робита бо куштори Гиргвлианӣ 3 сол маҳкум ба зиндон шуд. Саакашвилӣ дар гузашта ҳам барои чапнд иттиҳоми дигар маҳкум шудааст ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG