Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шарқи Украина ду ғайринизомӣ кушта шуд


Дар шарқи Украина бо вуҷуди оташбас миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия даргириҳо идома доранд. Бино ба гузоришҳо, дар ин даргириҳо як писари 12 сола ва як зани 55 сола 27 ноябр дар Донестк кушта шудаанд. Ин шаҳр аслан дар контроли ҷудоихоҳон қарор дорад.

Ҳукумати шаҳр, ки ба Киев итоат мекунад, дар изҳороте гуфтааст, ки ин писар дар кӯча ва зан дар хонааш ҳангоме кушта шудааст, ки пораи тӯп девори хонаашро сӯрох ва вайро марговар маҷрӯҳ кардааст.

Бино ба маълумоти СММ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 13 нафар ба ҳалокат мерасад. Ба ин ҳисоб сарбозон, ҷудоихоҳон ва аҳолӣ дохил мешавад.

Аз моҳи апрел, яъне аз замони оғози даргириҳо дар ин минтақа то ҳол 4 300 нафар дар шарқи Украина кушта шудаанд. Тақрибан ним миллион нафар дар давоми ду моҳи охир аз маҳаллоти зисти худ фирор кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG