Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Шаҳри Сабз як тундгарои исломиро муҳокима мекунанд


Дар вилояти Қашқадарёи Узбакистон додгоҳ парвандаи як сокини маҳаллиро, ки барои ҷалби одамон ба ҷангҳои тундравони Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ омадааст, баррасӣ мекунад.

Намояндаи додгоҳ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки се сол пеш ин сокини Шаҳри Сабз дар ҷустуҷӯи кор ба ҷумҳурии Бошқирдистон рафтааст ва дар он ҷо зери таъсири тундравони исломӣ мондааст.

Ин сокини 27 сола, ки аз вай ном бурда намешавад, эътироф кардааст, ки ба узвияти “Ҷунбиши исломии Туркистон” даромадааст ва дар амалиёти ҷангии тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурия ва Ироқ ширкат доштааст.

Вале пинҳонӣ тавассути вилояти Ӯши Қирғизистон ба қаламрави Узбакистон баргаштааст, то одамони навро баҷангҳо ҷалб кунад. Ҳангоми боздошт аз вай наворҳои таблиғотии электронӣ мусодира кардаанд. Бино ба гуфтаи намояндаи додгоҳ, дар ин наворҳо аз мардум даъват мешавад, ки барои ташкили Давлати Исломӣ мубориза кунанд.

XS
SM
MD
LG