Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми волои хоҳари хурдии раҳбари Кореяи Шимолӣ


Расонаҳои давлатии Кореяи Шимолӣ рӯзи 27 ноябр дар бораи мақоми волои хоҳари хурдии раҳбари кишвар Ким Чен Ин дар ҳизби ҳукмрон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки Ким Ё Ҷонг ахиран курсии мувини раиси яке аз шӯъбаҳои Кумитаи марказии Ҳизби корро ишғол кардааст.

Ким Ё Ҷонг, ки тақрибан 25 сол дорад, бори нахуст соли 2011, дар маросими дафни падараш Ким Чен Ир, дар маҳзари ом пайдо шуд. Баъдан ӯ гоҳ-гоҳ дар маросимҳои сиёсӣ дар паҳлӯи бародараш ба чашм мерасид. Нозирон мегӯянд, ки мақоми нави Ким Ё Ҷонг - паёме аз боло рафтани нақши хоҳари хурдӣ дар пуштибонӣ аз сиёсати Ким Чен Ин аст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ким Ё Ҷонг чун ду бародари бузургаш – Ким Чен Ин ва Ким Ҷонг Чол дар як мактаби хусусӣ дар Швейсария таҳсил кардааст. Ким Ҷонг Чол дар ҳукумати Кореяи Шимолӣ мақоме надорад.

XS
SM
MD
LG