Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ сафир ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурданд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаҳои сафирони даҳ кишвари ҷаҳонро қабул кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 18 ноябр сафири Қирғизистон - Мирослав Ниёзов, Эрон - Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Иттиҳоди Аврупо - Ҳидайет Бишчевич, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика - Улиси Канчули,Австралия - Пол Эндрю Майлер,Зеландияи Нав - Хэмиш НэвиллФрэнсис Купер, Шоҳигарии Дания- Томас Винклер, Словения - Примож Шелиго, Португалия - Марио Годино де-Матуш ва Ҷумҳурии Гана - Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт дар Кохи Миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаи худро супурданд. Ба иттилои ин манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни табрики сафирони навтаъин, изҳори бовар кард, ки онҳо барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд. Ҳамзамон раиси ҷумҳур дар суханроние равобити Тоҷикистон бо кишварҳое, ки сафирони худро тоза дар Тоҷикистон таъин кардааст матраҳ карда ва нахуст дар маврид муносибот бо Қирғизистон ва Эрон ва баъдан дар бораи дигар кишварҳо сӯҳбат кардааст

XS
SM
MD
LG