Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари эълоннашудаи раҳбари НАТО ба Афғонистон


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Йенс Столтенберг ба як сафари эълоннашуда вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Вай аз нерӯҳои НАТО дар ин кишвар дидан ва бо раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ мулоқот хоҳад кард. Столтенберг, ки аз якуми октябр сарварии НАТО-ро ба зимма гирифт, аз маркази тамрини нерӯҳои амниятии Афғонистон дидан кард. Вай гуфт, НАТО ёриҳояшро ба Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар дар поёни соли 2014 идома хоҳад дод. Шумори нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар соли 2010 ба 130 000 нафар расида буд, вале ҳоло танҳо 34000 афсару сарбози он дар ин кишвар боқӣ мондааст. Нерӯҳои амниятии Афғонистон аз 350 000 афсару сарбоз иборат буда, масъулияти амнияти кишварро бар дӯш гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG