Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Афғонистон 9 нафар кушта шуданд


Дар вилояти Лугари Афғонистон як мошини бамгузоришуда таркид, ки бар асари он 9 нафар кушта, тақрибан 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Динмуҳаммад Дарвеш-сухангӯи вилоят гуфт, ки ин ҳодиса дар вулусволии Азро рух додааст.

Ба гуфтаи Дарвеш, ин кушташудагон 6 корманди пулис ва 3 сарбоз будаанд. Се бинои атроф ва як масҷид низ дар маҳали таркиш хароб шудаанд. То ҳол касе ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро бар уҳда нагирифтааст.

Аз сӯи дигар, Толибон талош доштаанд, ки ба пойгоҳи ҳавоии Багром ҳамла баранд. Онҳо 31 октябр ба зиндоне дар ин маҳал рокет партоб карданд. Дар ин зиндон маҳбусони Толибон нигаҳдорӣ мешаванд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфт, ки ҳадафи онҳо зиндон набудааст, балки пойгоҳи ҳавоии Багром будааст, вале гуноҳи нируҳои амрикоист, ки зиндонро дар наздикии пойгоҳ сохтаанд.

XS
SM
MD
LG