Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳболро ба бемористон бурдаанд


Шаҳбол Мирзоев. Акс аз 28 август
Шаҳбол Мирзоев. Акс аз 28 август

Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шудааст, ахиран барои идомаи табобат ба маркази эҳёи шаҳри Хуҷанд оварда шуда буд бинобар сармохурдагӣ ба Беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шуд.

Нӯъмон Мирзоев -- падари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои табобати сармохурдагӣ бо машварати табибон аз Маркази реабилитатсионии Хуҷанд ба Беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шуд

Падари Шаҳбол мегӯяд, вазъи Шаҳбол мӯътадил аст ва пас анҷоми давраи табобатӣ дар Беморхонаи вилоятӣ дубора ба Маркази реабилитатсионӣ оварда мешавад.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки дар тирамоҳи соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд ва дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар канори Душанбе адои хидмат мекард, дар моҳи марти соли равон, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз тарафи сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 маъюб шуд. Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев дар моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо додгоҳ дар масъалаи пардохти товони табобати ин сарбози марзбон, ки ба гуфтаи волидонаш, то имрӯз қариб 50 000 долларро ташкил медиҳад, ҳукми мушаххасе набаровард.

Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май ба Русия бурд ва дар ибтидои моҳи май дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав ҷарроҳӣ кард.

XS
SM
MD
LG