Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Ироқ вазирони умури дохилӣ ва мудофиаро пазируфт


Парлумони Ироқ рӯзи 18 октябр номзадии вазирони умури дохили ва мудофиа дар ҳукумати нахуствазир Ҳайдар Ибодиро пазируфт. Вакилони парлумон Муҳаммад Салом ал-Ғаббон, муовини шиамазҳаб дар Эътилофи сиёсии нахуствазирро вазири умури дохилӣ таъин карданд. Холид ал-Убайдӣ аз Эътилофи сунниҳо курсии вазири дифоъро ишғол намуд.

Моҳи гузашта парлумони Ироқ ду номзади пешбарикардаи нахуствазирро рад карда буд.

Вазирони умури дохилӣ ва мудофиа, зимнан, ахирин курсиҳои боқимонда дар ҳукумати ҷадиди Ироқ, дар ҳоле таъин шуданд, ки дар кишвар набардҳо бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” авҷ мегирад. Ин гурӯҳ бахши аъзами шимол ва ғарби Ироқро таҳти назорат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG