Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи осони дарёфти визаи Бритониё барои сокинони Тоҷикистон


Сафорати Бритониё дар Душанбе мегӯяд, акнун дарёфти виза ё раводиди сафар барои шаҳрвандони Тоҷикистон осонтар шудааст. Бар асоси иттилоияи расмии сафорат, ки 14 октябр пахш гардид, гуфта мешавад, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур нест, барои дарёфти виза ба шаҳри Алма-атои Қазоқистон бираванд.

Баръакс, ба қавли масъулони сафорат, “шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тариқи онлайн дар системаи раводидгирӣ маълумоти шахсии худро сабт кунанд ва ҳамкори мо Телеперформанс дар як моҳ як бор ба Душанбе барои гирифтани ҳуҷҷатҳою био-информатсияи раводидгирандагон, хоҳад омад”. Бино ба ин хабари масъулони сафорати Бритониё, Телеперформанс дар бинои меҳмонхонаи Ҳятт Реҷенсии Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.

Сафорати Бритониё изҳор боварӣ кардааст, раванди нави ба даст овардани визаи ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле осону арзон хоҳад уфтод. “Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон дигар вазифаи судури раводидро надорад. Хизматрасонӣ барои судури раводид ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз тарафи Консулати Генералии Бритониё дар Истанбул идора карда мешавад”,-таъкид шудааст дар иттилоия.

XS
SM
MD
LG