Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори Ростовро тарк намудани низомиёни рус шуд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба нерӯҳои вазорати дифоъ амр кард, ки аз тамрингоҳ дар вилояти Ростов ба казармаҳои доимии худ баргарданд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, Путин шоми шанбе, баъд аз нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти кишвар дар шаҳри Сочи, ба вазири дифоъ Сергей Шойгу дастур дод, ки нерӯҳоро аз вилояти Ростов берун кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 12 октябр, гуфт, гап сари тақрибан 18 ҳазор афсару сарбоз меравад, ки тобистон дар вилояти Ростови ҳаммарз бо Украина ба тамрин машғул буданд.

Дар ҳамин ҳол дар шарқи Украина, бо вуҷуди оташбас, тирандозӣ аз ду ҷониб идома дорад. Рӯзи шанбе бар асари тирпарронӣ дар шаҳри Донетск чаҳор сокини осоишта кушта шуданд. Дмитрий Тимчук, раиси маркази пажуҳишҳои ҳарбӣ-сиёсии Украина, рӯзи якшанбе хабар дод, ки ҷудоихоҳони рустабор чандин бор ба мавқеъҳои низомиёни украинӣ, аз ҷумла, дар фурудгоҳи Донетск оташ кушоданд.

XS
SM
MD
LG