Исломобод бо лаҳни шадид ба иттиҳомоти Ҳиндустон посух дод. Ҳиндустон мегӯяд, ки Покистон барои ҳамлаҳои бесабаб дар марз бо Кашмири Ҳиндустон гунаҳгор аст.
9 октябр ҳукумати Покистон гуфт, ки намехоҳад вазъ дар марзи ду кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ ба рӯёрӯӣ табдил ёбад. Вазири дифои Покистон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш метавонад ба фаъолиятҳои Ҳиндустон дар манотиқи баҳсбарангези марзӣ ҷавоби “сазовор” диҳад.
Арун Ҷайтей-вазири дифои Ҳиндустон 9 октябр барои тирандозиҳои ҳафтаи гузашта дар ду тарафи хати назорат, ки дастикам 17 ғайринизомӣ кушта шудаанд, Покистонро муттаҳам донист. Ин хати назорат Кашмирро ду тақсим мекунад.
Ҳиндустону Покистон аз соли 1947 то ҳол 3 бор бо якдигар барои Кашмир вориди ҷанг шудаанд. Дар ин минтақа аслан мусулмонон ба сар мебаранд. Соли 1947 Британия Кашмирро аз мустамликаи худ хориҷ кард. Дар Кашмири Ҳиндустон моҳи декабри соли ҷорӣ интихобот баргузор мешавад.