Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳои таҷовузкор ҳалқовез мешаванд


Мақомоти Афғонистон тайид карданд, ки ҳукми панҷ марди муттаҳам дар таҷовуз ба номуси дастаҷамъии чаҳор зан, рӯзи 8 октябр аз тариқи ҳалқовез иҷро хоҳад шуд.

Додгоҳ ҳанӯз моҳи гузашта онҳоро дар рабудан ва таҷовуз ба номуси гурӯҳи заноне айбдор кард, ки баъд аз як сӯри арусӣ ба Кобул бармегаштанд. Ин ҳодиса боиси эътирозҳои густурда гардид ва ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз тариқи телевизиони Афғонистон мустақим намоиш дода шуд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ҳукми эъдоми ин афроди зинокорро 27 сентябр, дар охирин рӯзи президентии худ, имзо кард.

Додгоҳи таҷдиди назари Афғонистон ҳукми эъдоми ду марди дигар бо ҳамин иттиҳомро бо сабаби нокофӣ будани далелҳо рад кард ва онҳоро ба 20-солии зиндон маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG