Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел дар бахши физика ба олимони ҷопонӣ эъто шуд


Се донишманди ҷопонӣ – Исаму Акасаки, Хироси Амано ва Сюдзи Накамура барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуданд. Номи барандаҳоро Кумитаи эътои ҷоизаҳои Нобел дар Стокҳолм рӯзи сешанбе эълон кард.

Ин се донишманд диодҳои рӯшноии амиқро кашф кардаанд, ки нури сафеди рӯшан бо сарфи андакро таъмин мекунад. Исаму Акасаки ва Хироси Амано дар донишгоҳи Нагойи Ҷопон ва Накамура дар Донишгоҳи Калифорния дар Санта-Барбараи Амрико кор мекунанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, Накамура шаҳрванди ИМА аст.

Як рӯз пеш Кумитаи эътои ҷоизаҳои Нобел дар Стокҳолм Ҷон О”Кифф-шаҳрванди Амрикоро, ки ҳамзамон шаҳрвандии Бритониёро қабул кардааст, ва зану шавҳар аз Норвегия Мей-Бритт Мозер ва Эдвард Мозерро ба ҷоизаи Нобел дар бахши тиб лоиқ донист.

Қарор аст, ки рӯзи 8 октябр барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шавад.

XS
SM
MD
LG