Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малайзия ҷустуҷӯи ҳавопайморо аз сар гирифт


Ҷустуҷӯи парвози 370-ӯми ширкати ҳавоии Малайзия 6 октябр оғоз шудааст. Ин ҷустуҷӯҳо акнун дар обҳои уқёнуси Ҳинд баъд аз шаш моҳи бедарак шудани ҳавопаймо аз сар гирифта шуд.

Яке аз се киштӣ, ки тақрибан як сол ҷустуҷӯро дар обҳои каронаи ғарбии Австралия мегузаронанд, ҷустуҷӯро 12 рӯз давом медиҳад. Интизор меравад, ки ду киштии дигар дар охири моҳи ҷорӣ ба ҷустуҷӯ ҳамроҳ шаванд.

Онҳо таҷҳизоти навро барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои Боинг 777 дар қаъри уқёнус истифода хоҳанд кард. Ин ҳаврпаймо 8 март бо 239 мусофир баъд за парвоз аз Куала Лампур ба сӯи Пекин бедарак шуд.

Ҷустуҷӯҳо 4 моҳ боздошта шуд, то нақшаи маҳали ҷустуҷӯ дар доираи 1800 километрии ғарби Австралия таҳия шавад.

XS
SM
MD
LG