Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Муаллим: Сурия пуштибони ҳама муборизаҳо бо терроризм аст


Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, аз минбари Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-йорк эълом дошт, Димишқ аз ҳама гуна талошҳои байнулмилалӣ, ки ҳадафаш мубориза бо терроризм аст, пуштибонӣ мекунад. Ӯ рӯзи 29 сентябр гуфт, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳаи Ал-Нусра” ва дигар гурӯҳҳои наздик бо “Ал-Қоида” авлавият диҳад.

Валид ал-Муаллим ҳамчунин гуфт, ки Димишқ барои ҳалли сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, аз ҷумла, музокирот бо “мухолифини воқеъӣ” омода аст, мухолифине, ки алайҳи терроризм мубориза баранд.

Ҳафтаи гузашта Русия ва Эрон ҳамлаҳи ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва рабӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар хоки Сурияро маҳкум карда ва гуфтанд, ки барои ин амал иҷозаи Димишқ ва мандати Шӯрои амнияти СММ зарур буд.

XS
SM
MD
LG