Баме, ки дар як мошини низомӣ кор гузошта шуда буд, дар маҳали иқоматии дипломатҳо дар шаҳри Кобул як рӯз пеш аз маросими савганди раиси ҷумҳури нав мунфаҷир шуд.
Наҷиб Дониш-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон гуфт, як бами магнитӣ субҳи 28 сентябр дар мошине часпонда шудааст ва он дар чаҳорроҳии Занбақ дар наздикии Кохи раёсати ҷумҳурӣ таркидааст.
Дониш гуфтааст, ки дар ин ҳодиса танҳо ронандаи мошин осеб дидааст ва касе кушта нашудааст.
Дар остонаи ёд кардани савганди вафодории Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ , ки 29 сентябр дар назар гирифта шудааст, тадобири амниятӣ тақвият ёфтааст. Барои ширкат дар ин маросим раҳбарони байналмиллалӣ ва меҳмонон даъват шудаанд. Ашраф Ғанӣ мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ мақоми раёсати иҷроиро ишғол хоҳанд кард.
Толибон мунтазам талош кардаанд ҳамлаҳо анҷом диҳанд ва ба ин тартиб фазои ноамнро ба вуҷуд оранд.