Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 4 октябр аз душаҳрвандии худ хабар диҳед


Константин Ромодановский-раиси Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия хитоб ба шаҳрвандони Русия гуфтааст, касе ки бо Тоҷикистон ва Туркманистон душаҳрвандӣ дорад, бояд то 4 октябр ба хадамоти мазкур дар бораи душаҳрвандии худ хабар диҳад.

Ромодановский дар мусоҳибае бо хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, тибқи қонуни нав ҳар шахсе, ки душаҳрвандӣ мегирад, бояд дар давоми 60 рӯзи баъд аз гирифтани шаҳрванди кишвари дуввум ба таври хаттӣ ба шӯъбаи маҳаллии Хадамоти Федеролии Муҳоҷират хабар диҳад.

Ба гуфтаи Ромоданоский, қонуни нав душаҳрвандиро пешбинӣ намекукнад, вале шаҳрвандони Тоҷикистонро аз душаҳрвандӣ маҳрум намесозад. Сабаб ин аст, ки дар қарордоди байналмиллалӣ маҳрумият аз душаҳрвандӣ сабт нашудааст.

Ҳоло бо Русия танҳо Тоҷикистон ва Туркманистон тибқи қарордод ҳақи душаҳрвндӣ доранд. Ба ин далел шаҳрвандони ин кишварҳо, ки ду шиноснома доранд, бояд, мақомоти зидахли Русияро аз шиносномаи дуввуми худ огаҳ созанд.

XS
SM
MD
LG