Дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, киаз 14-уми сентябр то 4-уми октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад.
Мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ, ки имрӯз, 21-уми август доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Умон, Фаластин ва Сингапур бозӣ мекунад.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад.
Тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқот футболбозони синнашон то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста имкон дорад, ки се футболбози синнашон аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ-2014:
Гурӯҳи «А»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос.
Гурӯҳи «B»: Узбакистон, Ҳонконг, Бангладеш, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: Умон, Фаластин, Сингапур, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Кувайт, Ироқ, Непал.
Гурӯҳи «E»: Тайланд, Молдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия.
Гурӯҳи «F»: Кореяи Шимолӣ, Чин, Покистон.
Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун.
Гурӯҳи «Н»: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.