Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини 44-соларо бо 87 адад сангҳои қиматбаҳо дастгир кардаанд


Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Ёвон аз манзили як сокини 44-сола 87 адад санги қиматбаҳои навъи ёқут ва зумурад пайдо кардаанд, ки ин сангҳоро ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила хабар доданд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 5-уми июл зимни кофтукоби манзили Абдулзоҳид Махсумов дар ноҳияи Ёвон 87 адад сангҳои қиматбаҳо, ки вазни умумияшон 118,36-грамро ташкил кардааст ёфтаанд. Ин манбаъ меафзояд аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG