Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон


Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Умрат Саралиев бо як фармони раиси ҷумҳури Қирғизистон аз ин мансаб барканор шудааст. Дар сомонаи расмии раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар доданд, ки фармони барканории Саралиевро Алмазбек Отамбоев, президенти ин кишвар рӯзи 30-юми июн имзо гузоштааст. Умрат Саралиев аз соли 2010 ба ҳайси сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон кор мекард. Дар пайи тирпаронии 11-уми январи соли ҷорӣ Бишкек Саралиевро аз Душанбе бозхонд, аммо баъди чанде дар музокироти ҷонибҳо дар Душанбе ӯ ҳам иштирок кард.

Қаблан эълон шуда буд, ки Саралиевро дар мақоми сафири Қирғизистон дар Душанбе Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти он кишвар иваз мекунад. Ниёзов дар соҳлои 2011-2005 низ сафири Бишкек дар Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG