Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили манзили зист ба фоҳишахона


Маъмурони интизомӣ дар шаҳри Душанбе, манзили истиқоматиеро кашф карданд, ки аз сӯи соҳибхона ба фоҳишахона табдил дода шудааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "рӯзи гузашта, 26-уми июн кормандони милитсия ҳангоми баргузории амалиёи фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳрванд И. З., соли тавалуддаш 1987- ро ҳамчун гумонбар дар ташкили фоҳишахона боздошт карданд."

Ба гуфтаи ҷаноби Садриддинов, "ин фард рӯзи 24 июн хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода ва ба шаҳрвандон М. М., соли тавалуддаш 1990 ва А. Ш., соли таваллудаш 1991 барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180 сомонӣ гирфтааст."

Ҳамчунин сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки "худи ҳамон рӯз барои ду тани дигар низ чунин шароите ҷиҳати алоқаи ҷинсӣ фароҳам оварда шуда ва аз онҳо низ маблағи 180 сомонӣ гирфтааст." Ба ин далел нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

Боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба сабаби табдил кардани манзили зист ба фоҳишахона идомаи иҷрои дастуру супоришҳои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки ҷиҳати кашфу ошкор кардани фоҳишаҳо ва фоҳишахонаҳо фармон содир карда буд. Ин буд, ки дар аввалин рӯзҳои иҷрои ин дастур кормандони пулис беш аз 500 фоҳишаро боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG