Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раисиҷумҳур ба паст кардани нархи маҳсулот


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме тоҷирону сарватмандонро ба поин бурдани нархи маҳсулот ва саховатмандӣ даъват намуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми июн зимни паёми табрикотӣ ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ба мардуми Тоҷикистон гуфт, «сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони муъмин арзонӣ фармоянд, ба ивази он сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.»

Ин даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикисотн дар ҳолест, ки ҳамасола дар ин кишвар мушоҳида мешавад, бо фаро расидани ҷашну идҳо, хусусан моҳи Рамазон нархи маҳсулот дар бозорҳо боло меравад.

Ин паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аст, ки аз 28-уми июн шурӯъ мешавад. Дар ин моҳ мусалмонони ҷаҳон як моҳи пурра рӯза медоранд ва ба корҳои хайру эҳсон бештар машғул мешавад.

XS
SM
MD
LG