Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД ба наздикони Шодиев 14 000 сомонӣ дод


Баҳромиддин Шодиев қабл аз маргаш дар ноябри соли 2011
Баҳромиддин Шодиев қабл аз маргаш дар ноябри соли 2011
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар асоси ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пайвандони Баҳромиддин Шодиев, ки бар асари латту кӯби кормандони ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур ҷон дода буд, ҳамчун товони зарари маънавӣ 14 000 сомонӣ, муодили 2800 доллар пардохт кард.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев рӯзи 12-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар асоси ҳалномаи додгоҳ ба модари Баҳромиддин - Ниёзбибӣ Бӯриева 14 ҳазор сомонӣ пардохт кард. Гулчеҳра Холматова афзуд, Ниёзбибӣ Буриева ин маблағро гирифт ва бо ҳамин даъваои ӯ бо вазорати корҳои дохилӣ ба охир расид.

Дар ибтидо модари Баҳромиддин мақомоти вазорати корҳои дохилӣ барои марги фарзандаш 180 000 сомонӣ, муодили тақрибан 37 000 доллар талаб карда буд.

Аммо Ҳотамҷон Раҷабов, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, дар моҳи ноябри соли гузашта ҳукм кард, ки "даъвои пайвандони Баҳромиддин Шодиев алайҳи вазорати корҳои дохилӣ қисман қонеъ карда шавад."

Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи октябри соли 2011 боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи Қараболо интиқол ёфта, баъди 10 рӯз дар рӯи кати беморӣ ҷон дод. Модари ӯ ибтидо ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд ва мақомоти шӯъбаи умури дохилаи ин ноҳияро дар латукӯб ва марги фарзандаш айбдор кард.

Додгоҳи Шоҳмансур дар моҳи феврали соли 2012 Абдураҳмон Додов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳияро ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ба дунболи ин, дар моҳи апрели соли равон наздикони Баҳромиддин Шодиев бо талаби аз вазорати умури дохила рӯёндани товони зарари маънавӣ ба додгоҳ муроҷиат карданд.
XS
SM
MD
LG