Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" 200 ҳазор сомонии сокини Масчоҳро бармегардонад?


«Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, дар бартараф кардани мушкили як сокини Мастчоҳ, ки гуфта буд 200 ҳазор сомонӣ пасандозашро наметавонад аз ин бонк пас бигирад, мусоидат хоҳад кард.

Мақомоти марказии «Тоҷиксодиротбонк» ба мақолаи «200 ҳазор сомонии сокини Масчоҳ аз "Тоҷиксодиротбонк" куҷо шуд?, ки рӯзи 27 май дар торнамои радиои «Озодӣ» нашр шуд ва дар он як сокини ноҳияи Мастчоҳ мегуфт, якуним сол пеш дар ин бонк ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, то ба ҳол маблағашро наметавонад бозпас бигирад, вокуниш нишон дод.

Қурбонназар Асоев, раиси дастгоҳи «Тоҷиксодиротбонк» ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки раёсати Марказии бонк дар нисбати қазия мазкур бетараф нест ва мунтазири ҳалли мусбии ин баҳси додгоҳӣ мебошад мебошад. Вай афзуд, раёсати бонк аз пеш омадани ин ҳолат дар ташвиш мебошад ва бо дарёфти баҳои ҳуқуқии рафтори масъули намояндагии бонк дар кӯҳистони Мастчоҳ Аюбов Раҳмат, кӯшиш мекунанд ба таври мусбат ба ҳалли масъалаи Азиз Азизов, сокини Куҳистони Мастчоҳ, ки 200 ҳазор сомонии худро ҳамчун пасандоз гузоштаасту наметавонад дарёт кунад, мусоидат намояд.

Оқои Асоев дар идома гуфт, ин ҳолат бори аввал аст, ки дар «Тоҷиксодиротбонк» рух додааст то кунун ҳамчунин мушкил пеш наёмада буд ва ҳамин аст, ки раёсати «Тоҷиксодиротбонк» ба қазияи мазкур бетараф буда наметавонад.

Чанд рӯз қабл Азиз Азизов, сокини деҳаи Пастиғави ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, маъюби гурӯҳи якум, ки аз як пой маҳрум аст, ба дафтари радиои «Озодӣ» дар Душанбе шикоят овард, ки аввали соли гузашта 200 ҳазор сомоние, ки аз фурӯши гову моли хонааш ба даст оварда буд, дар филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ин ноҳия пасандоз кард ва мехост, пас аз як сол ба ин пул барои фарзандаш хона созад.
Азизов Азиз мегӯяд, 200 ҳазор сомонияшро "Тоҷиксодиротбонк" намедиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:08 0:00


Ҷаноби Азизов меафзояд, масъули бонк ваъда кардаст, ки пас аз як сол пули ӯ 24 дарсад зиёдтар мешавад. Аммо «пас аз гузаштани як сол, 18-уми январи соли 2014 ман барои гирифтани пасандозам ба бонк рафтам. Аллакай роҳбари ин бонк, ки он вақт Раҳмат Аюбов буд, иваз шуда, ба ҷои ӯ Ғаниҷон Раҳимов таъйин шудааст. Ман хостам, пасандозамро бо фоизҳояш гирам, аммо кормандон тӯли як соат бо ҳам гӯшакӣ карданду баъд гуфтанд, пули маро роҳбари пешинаи бонк аз худ кардааст.»

Қазияи пасандози гумшуда ба парвандаи ҷиноӣ табдил ёфт. Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, дар нисбати Раҳмат Аюбов ниҳоди зери раҳбарии ӯ парванда боз карда, тафтиши воқеа идома дорад, вале гумонбар дар қаламрави Тоҷикистон нест.
XS
SM
MD
LG