Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк": "Боингҳо"-и ҳабсшуда аз мо нест (ВИДЕО)


«Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, ки ширкати «Нахуст лизинг» ва ду ҳавопаймои ҳабсшудаи "Боинг" ба ин бонк ва ба шахси раиси бонк Тоҷиддин Пирзода ҳеҷ иртибот надорад.

Қурбоналӣ Восиев, сардори хадамоти матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» рӯзи 14 май ба радиои Озодӣ гуфт, ширкати "Нахустлизинг" ба «Тоҷиксодиротбонк» ва ба шахси раиси он Тоҷиддин Пирзода ҳеҷ иртибот надорад. Сухангӯи бонк гуфт, ки дар соли 2008 «Тоҷиксодиротбонк» аз саҳмияҳояш дар ширкати «Нахуст лизинг» даст кашидааст ва аз он ба баъд саҳмияҳои ин ширкат дар дасти ширкатҳову саҳомдорони дигар қарор доранд. Ба қавли ҷаноби Восиев, аз соли 2008 ба ин тараф ширкати «Нахуст лизинг» ба «Тоҷиксодиротбонк» алоқае надорад ва марбут донистани он ба шахси раиси бонк Тоҷиддин Пирзода низ беасос аст.

Ба гуфтаи ӯ, давраи лизингии ду ҳавопаймои «Боинг» низ ҳанӯз дар соли 2012 ба охир расидааст ва онҳо ба «Тоҷикайр» тааллуқ доранд. Сухангӯи «Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, ки ин бонк ба зудӣ дар робита ба қазияи «Нахуст лизинг» изҳороти вижае ҳам нашр хоҳад кард.
Тоҷиксодиротбонк мегуяд,"Нахустлизинг" аз ин бонк нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Нақши Рустами Эмомалӣ дар ҳабси 2 ҳавопаймои "Нахуст лизинг"

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон "Нахуст лизинг", як ширкати марбут ба "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба сарпечӣ аз пардохти боҷу андоз ба маблағи беш аз 4 миллион доллар айбдор мекунад. Бино ба гузориши дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки рӯзи 13 май дастраси расонаҳо шуд, мудири кулли ширкати «Нахуст лизинг» Абдулазиз Мирзоев тавассути сохтакориии ҳуҷҷатҳо боҷҳои гумрукӣ ба маблағи 20 миллион 895 ҳазор сомонӣ, муодили 4,3 миллион долларро напардохтааст.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, "бо мақсади таъмини даъвои гражданӣ ва рӯёнидани зарари моддӣ, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 21.04.2014 сол ба молу мулки ҶСП ШЛ “Нахуст Лизинг” - 2 адад ҳавопаймои тамғаи “Боинг 737-400” ҳабс гузошта шуд." Аммо дар идомаи хабар омадааст, ки
"дар рафти тафтиши пешакӣ, ки дар ҳамбастагии зич бо кормандони Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз ҷониби ҶСП ШЛ “Нахуст Лизинг” зарари молиявии расонидашуда ба маблағи 20.812.688,82 сомонӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шуд."

Як манбаи Озодӣ гуфт, А.Мирзоев дар оғози таҳқиқ дар боздошт қарор дошт, вале баъди пардохтани тамоми зарари расондааш ба маблағи қариб 21 миллион сомонӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ озод карда шуд.
Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ
Дар ҳамин ҳол, бархе манобеъ боз шудани ин қазияро ба номи раиси феълии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд. Як манбаи Озодӣ дар гумрук гуфт, азбаски аз раҳбарии писари президент бар ин ниҳод ним сол мегузарад, барои барҷастатар нишон додани кори ӯ қазияе чунин пурсарусадо лозим буд.

Як манбаъи хабаргузории ТоjNews дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон низ гуфтааст, қазияи "Нахуст лизинг" аз аъмоли рӯпӯшшудаест, ки дар натиҷаи "мавзеъгириҳои раиси нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ошкор шудаааст." Ба гуфтаи ин манбаъ, писари президент "нахостааст ин ҷинояти замони роҳбари собиқи хадамот Гурез Зарипов рухдода рӯйпӯш боқӣ бимонад." Баъди интисоби Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси гумрук як умеди бисёриҳо ин буд, ки шояд ӯ битавонад бо истифода аз нуфузае, ки ҳамчун писари раисиҷумҳур дорад, ба истилоҳ "зӯр"-ҳоеро, ки парвои пардохти андозу боҷҳои гумрукиро надоштанд, лаҷом бизанад ва ба супурдани ҳаққи давлат маҷбур кунад.

Гуфта мешавад, сохтакории ҳуҷҷатҳо аз сӯи мудири кулли ширкати "Нахуст лизинг" дар робита ба воридоти ду ҳавопаймои "Боинг" барои ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фаосд мегӯяд, дар асоси шартномаи иҷораи ҳавопаймо таҳти №17 аз 01.08 соли 2008 ва иловаи №1 ба ин шартнома, ки «Нахуст Лизинг» ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» имзо кардаанд, як ҳавопаймои тамғаи «Боинг 757-200 ЕR» рақами силсилавиаш 24964 бо 216 ҷои нишаст бо низоми гумрукии «воридоти муваққатӣ» бо арзиши гумрукии 20.895.000 доллари ИМА ба расмият дароварда шуда, он аз ҷониби «Тоҷик-Эйр» мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар моҳи апрели соли 2012 замони воридоти муваққати ин ҳавопаймо ба поён мерасад, вале ба гуфтаи мақомоти Оҷонсӣ, "Мирзоев А.Ш. баҳри ба расмияти гумрукӣ даровардани ҳавопаймои мазкур, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне ба миқдори махсусан калон аз пардохтҳои ҳатмии давлатӣ саркашӣ намудан, бо сӯистифода аз ваколатҳои идоравии худ бо мутахассис барасмиятдарор Зарифова Гуландом Файзуллоевна ва дигар шахсони масъул маслиҳати пешакӣ намуда, ба ҳуҷҷати расмии ҳуқуқдиҳанда – варақаҳои аввали шартномаи иҷораи ҳавопаймо таҳти №17 аз 01.08 соли 2008 бо истифодаи техникаи компютерӣ маълумоти қалбакӣ ворид намуда, дар банди 3.1 сархати 10-и он миқдори ҷои нишасти ҳавопайморо аз 218 то ба 200 ҷои нишаст тағйир додааст."
Тоҷиддин Пирзода
Тоҷиддин Пирзода
"Нахуст лизинг" аз нахустин ширкатҳои ташкилшуда дар бозори лизинги Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат, ба гуфтаи масъулонаш, соли 2004 аз ҷониби "Тоҷиксодиротбонк", ки раҳбариашро Тоҷиддин Пирзода, аз бонкдорони наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, бар ӯҳда дорад, таъсис ёфтааст. Фирдавс Бердиев, яке аз мудирони қаблиии "Нахуст лизинг" дар як мусоҳибаи интернетӣ бо намояндагони ширкатҳои лизингии Тоҷикистон гуфтааст, сармояи бунёдии ширкат 2 миллион сомониро ташкил дода, мудири он аз сӯи Шӯрои муассисони "Тоҷиксодиротбонк" барои ҳар 3 сол таъин карда мешавад.

Аммо хабаргузории ТоjNews менависад, ки ҳанӯз рӯшан нест, ки қазияи аз пардохти боҷҳои гумрукӣ сар печидани "Нахуст лизинг" то куҷо ба муассисаш - Тоҷиксодиротбонк" - ҳам рабт дорад ва худи раиси ин бонк Тоҷиддин Пирзода ҳам дар ин робита ба масъулият кашида мешавад ё не.

Аз соли 2004 то 2007 мудирияти "Нахуст лизинг"-ро Равшан Сотиволдиев ва баъди ӯ Фирдавс Бердиев бар ӯҳда доштаанд. Ба гуфтаи Бердиев, "Нахуст лизинг" дар соли 2006 ба 3 ширкат ба маблағи 350 000 доллар қарз дода, дар соли 2007 ин маблағро ба 443 000 доллар расондааст. Бердиев ширкатҳои "Анисфарм" ва "Полиграф Студия"-ро дар ҷумлаи корхонаҳое ном бурдааст, ки аз "Нахуст лизинг" қарз гирифтаанд.

Лизинг як навъи нисбатан нави хидматрасонии молӣ барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба фарқ аз қарз, ҳангоми бо лизинг гирифтани мол, он то замони пурра пардохт шудани қарз моликияти харидор намешавад, балки моли ширкати лизингӣ меомнад. Аз лизинг бештар ҳангоми харидани молу амволи гаронбаҳое, чун ҳавопаймоҳо истифода мебаранд.

Шарҳҳоро бинед (27)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG