Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби манзили сокинон барои "Тоҷиксодиротбонк"


Акс аз бойгонӣ аст.
Акс аз бойгонӣ аст.

Се сокини шаҳри Ваҳдат аз таҳдиди мақомоти ин шаҳр ҷиҳати тахриби манзилҳояшон нигаронанд.

Мушарафа Шарипова, яке аз се сокини кӯчаи Тӯғдона – 3--и шаҳри Ваҳдат, ки мақомот қасди тахриби манзилҳояшонро доранд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати ин шарҳ замини манзили ӯ ва ду ҳамсояашро ба «Тоҷиксодиротбонк» фурӯхтааст.

Бар ивази манзилаш ба ин зан, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, ҳукумати Ваҳдат аз канори шаҳр як хонаи дуҳуҷарагиро дар бинои баландошиёна пешниҳод кардаанд, ки ба гуфтаи вай, аз хати об ва канализатсия маҳрум буда, нисфи нархи хонаи кунуниро надоштааст.

Вай афзуд, ки бо панҷ фарзандаш ӯ наметавонад дар як хонаи танги дуҳуҷрагӣ зиндагӣ кунад. Ба гуфтаи хонум Шарифова, нархи бозории манзили вай 60- 65 ҳазор доллар аст ва ӯ аз ҳукумати шаҳри Ваҳдат бар ивази тахриби манзилаш 40 ҳазор доллар ва ё ба ҳамин пул баробар, манзил талаб кардааст. Аммо мақомот ин пешниҳоди ӯро рад карда, ду рӯз қабл экскаваторҳоро ҷиҳати тахриб кардани манзилаш фиристандаанд, вале ӯ ва фарзандонаш монеи ин кор шудаанд.

Хонум Шарипова мегӯяд, мақомот атрофии хонаи қонунии ӯро, ки 18 сол дар он ба сар мебарад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи моликияташро дорад, бо панҷара маҳкам кардаанд. Тирамоҳи соли гузашта намояндаҳои ҳукумат омада як қисми боми манзилашро тахриб кардаанд, аммо ин зан бо пули худаш дубора онро барқарор кардааст.

Ҳамчунин хонум Шарипова афзуд, ки «Тоҷиксодиротбонк» маблағи кофӣ барои харидории манзилҳои ӯ ва ҳамсояҳояшоро ба ҳукумати шаҳри Ваҳдат додааст, аммо мансабдорони ҳукумати шаҳр қисме аз ин маблағҳоро аз худ карда, ба сокинон манзилҳои ба маротиб хурд ва арзонтарро пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Азимов, масъули сохтмонҳои «Тоҷикисодиротбонк» дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин бонк ду сол қабл сертификати истифодаи ин заминҳо ва иҷозаи сохтмони бинои бонкро дар ҷои ин манзилҳо аз ҳукумати шаҳри Ваҳдат дарёфт карда буд. Аммо соҳибони ин манзилҳо бар ивази хонаашон нархи ҳангуфте талаб доранд, ки аз нархи бозорӣ боло буда, бонк имкони пардохти онҳоро надорад.

Шӯҳрат Азимов мегӯянд, ки хонаҳои дар боло зикргардида «подснос» буда, дар он маҳал на се хона, балки ду хонаи дуҳуҷрагӣ, ки масоҳати умумии ҳар яки он 29м² ҷамъ 58 м²-ро ташкил медиҳад, мавҷуд аст.

Бар ивази ҳар як метри квадратии он ба соҳибони манзил 931$ ИМА пешниҳод шудааст, ки ба ҳар як метри квадратии манзили истиқоматии нав дар маркази шаҳри Душанбе баробар аст.

Тайи солҳои охир мақомоти шаҳру навоҳии Тоҷикистон борҳо манзили бархе аз сокинонро тахриб карда, бар ивазаш хонаҳои ба маротиб хурд ва арзонтарро пешниҳод кардаанд, ки боиси сар задани норозигии сокинон шудааст.
XS
SM
MD
LG