Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18-уми май - Рӯзи дави миллӣ


Рӯзи якшанбе, 18-уми май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад.

Раҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин пойгаи анъанавии оммавӣ, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3,5 ва 10 километр медаванд. Рӯзи дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ оғоз мешавад. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда хоҳад шуд.”

Ба иттилои ҷаноби Камолов Рӯзи дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом мерасад. Дар ин дави миллӣ дар пойтахти кишвар ширкати беш аз 20 ҳазор нафар одамон дар назар аст.

Ба ғайр аз ин, дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт дав ба масофаи се километр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG