Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи омӯзишӣ барои пизишкони кумакҳои таъҷилӣ


Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои таъҷилӣ барои осебдидагон баргузор намуд. Давраи омӯзишӣ аз имрӯз 13-уми май оғоз шуда то 15 май дар шаҳри Душанбе идома мекунад. Ромин Ҳодизода, масъули иртибототии намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми май гуфт, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон чунин омӯзиши таъҷилии пизишкӣ барои 20 пизишки бахши фавриятӣ баргузор мегардад. Дар ин давраи омӯзишӣ мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморонро омӯзиш хоҳанд дод. Ҳадаф аз ин омӯзишро масъулони ин ниҳод коҳиши маргу мир бар асари ҳодисаҳои нохуши табиӣ унвон мекунанд.
XS
SM
MD
LG